Чемпионати Осиё оид ба таэквондо WTF рӯзҳои 16-18 июн дар Бейрут (Лубнон) доир гардида, дар он аз 30 кишвар 186 нафар варзишгарон ширкат варзиданд.
Дар рақобатҳои вазни то 67 кг Моҳрӯ Ҳалимова қувваозмоиро дар даври чаҳорякфиналӣ оғоз намуда, намояндаи Корея Сон Да Бинро мағлуб кард. Сипас дар даври нимфиналӣ бар намояндаи дастаи Урдун Ҷулиана Содиқ дастболо шуда, зинаи сеюмро ишғол намуд. Дар ин бора Федератсияи таэквондои ВТФ Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар ин мусобиқот инчунин дигар намояндагони Тоҷикистон - Шоҳрух Баротов (-58 кг), Муҳаммадҳасан Шоҳмаҳмадов (-80 кг), Хуррам Меҳтаршоев (-74 кг), Мӯниса Ойматова (-49 кг), Муҳаммадҳусейн Шоҳмаҳмадов (-68 кг) ва Мӯниса Исматова (-68 кг) ширкат варзида, лекин зинаҳои ҷоизавиро ба даст оварда натавонистанд.
Ғайр аз ин, ду довари сатҳи ҷаҳонӣ аз Тоҷикистон Давлатшо Мирзоев ва Вафоназар Алиназаров дар ин мусобиқа ҳакамӣ карданд.
Бино ба иттилои Федератсияи миллӣ, рӯзҳои 19-21 июн мунтахаби Тоҷикистон оид ба таэквондо WTF дар мусобиқаи байнулмилалии «Beirut Open» иштирок мекунад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.