Се нафар муштзанони тоқик дар қувваозмоиҳои мусобиқаи Чемпионати Осиё оид ба бокс байни наврасону ҷавонон дар Урдун ғалаба ба даст оварданд.
Аз 4 то 6 март дар вазни то 46 кг Анӯшервон Фозилов муштзан аз Ироқ Қосим Ҳамданӣ ва Рустамҷон Ашӯров (то 60 кг) ҳам боз як варзишгар аз Ироқ Ҳуссейн Алӣ Тамерро мағлуб намуда, ба даври чаҳорякфиналӣ роҳ ёфтанд.
Дар рақобати аввали худ Нурланбек Ерматов (вазни то 75 кг) бар намояндаи Урдун Зайд-Алден Яшаш дастболо шуд.
Боқимонда муштзанони тоҷик, ки дар ин рӯзҳо рақобат карданд, қувваозмоиҳои худро бохтанд.
Имрӯз чунин қувваозмоиҳо баргузор мешаванд: Меъроҷ Зоидов (то 48 кг) – Вишванатх Суреш (Ҳиндустон), Асламҷон Қурбонов (то 51 кг) – Хӯҷаназар Нортоҷиев (Ӯзбекистон), Бузургмеҳр Иксанов (то 54 кг) – Ананд Йадай (Ҳиндустон), Абдураҳим Ёқубов (то 60 кг) – Пудра Патар Сингх Данги (Ҳиндустон), Саддам Давлатов (то 63,5 кг) – Аҳмад Наба (Сурия).
Қобили зикр аст, ки дар мусобиқаҳо байни ҷавонон муштзанони соли таваллудашон 2004 ва 2005 ва дар мусобиқаи байни наврасон варзишагрони соли таваллудашон 2006 ва 2007 иштирок мекунанд.
Бино ба маълумоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар ин чемпионат зиёда аз 350 варзишгар аз 21 давлати қора иштирок доранд. Аз ҷумҳурии мо 21 варзишгар (11 нафар миёни ҷавонон, 10 нафар миёни наврасон) ба Урдун сафарбар гардиданд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.