Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни наврасону ҷавонон дар шаҳри Аммони Урдун бо муҳорибаҳои ҷавонон дар даври финалӣ ба анҷом расид.
Тавре ки маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар финали ҷавонон як варзишгари мо – Абдураҳим Ёқубов дар вазни -60кг муҳориба карда, ҷои дуюмро ишғол намуд. Ӯ аз ҳарифи қирғистониаш Алмаз Орозбеков бо ҳисоби 2:3 мағлуб гашт.
Гуфта мешавад, миёни ҷавонон се варзишгари дигарамон - Юсуф Фозилов (-71кг), Нурланбек Эрматов (-75кг), Акмалҷон Абдувалиев (-86кг) бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.
Варзишгаронамон миёни наврасон низ 4 медал ба даст оварданд: Анӯшервон Фозилов (-46кг) медали нуқра, Ҳангома Исоева (-57кг), Руслан Ғафуров (-57кг), Рустамҷон Ашӯров (-60кг) медали биринҷӣ.
Дар ҳисоби умумидаставӣ байни муштзанони синни то 18-сола Тоҷикистон зинаи 7-ум ва байни 16-солаҳо - мақоми 6-умро ишғол намуд.
Дар сегонаи садри аввали ҷадвал Ӯзбекистон (9 медали тилло, 10 - нуқра ва 4 - биринҷӣ), Қазоқистон (7-7-8) ва Ҳиндустон (7-3-8) ҷойгиранд.
Байни муштзанҳои синни то 16-сола дар сегонаи аввал дастаи Ӯзбекистон (11 медали тилло, 6 - нуқра ва 3 биринҷӣ), Ҳиндустон (8-7-10) ва Қазоқистон (6-7-9) қарор гирифтанд.
Аз рӯи натиҷаҳои ҳар ду мусобиқа дастаи Тоҷикистон ба дарёфти 2 медали нуқра ва 6 медали биринҷӣ шарафёб гардид.
Қобили зикр аст, ки Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни наврасону ҷавонон дар шаҳри Аммони Урдун доир гардид. Дар чемпионат варзишгарон аз 21 давлати қора иштирок карданд.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 21 варзишгар -11 нафар миёни ҷавонон ва 10 нафар миёни наврасон намояндагӣ карданд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.