Мавсими нави Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олии футболи мамлакат бо чор бозӣ оғоз гардид.

Тавре ки Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, дар даври аввали чемпионат 14 тӯб вориди дарвоза шуд.


Гуфта мешавад, дар бозии байни дастаҳои “Файзканд” (Восеъ) ва “Истаравшан” (Истаравшан), ки дар варзишгоҳи Ҳисор доир гардид, футболбозони шаҳри Истаравшан ба дарвозаи ҳариф 5 тӯби беҷавоб заданд. Қобили зикр аст, ки имсол дар дастаи “Истаравшан” 7 легионер (бозингарони хориҷӣ аз Ӯзбекистон, Камерун ва Бразилия) бозӣ мекунанд.

Ба иттилои манбаъ, бозӣ байни дастаҳои “Регар-ТадАз” (ш.Турсунзода) ва дастаи нави мавсими имсола - “Равшан” (ноҳияи Зафаробод мусовӣ - бо ҳисоби 2:2 анҷом пазируфт.


Вохӯрии ду дастаи минтақаи шимоли ҷумҳурӣ - “Эсхата” ва “Хуҷанд” (ҳар ду даста аз Хуҷанд) бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи “бонкдорон” (Эсхата) ва минтақаи ҷануби кишвар - “Хатлон” (Бохтар) ва “Равшан” (Кӯлоб) бо ҳисоби 3:1 ба фоидаи футболбозони шаҳри Бохтар ба охир расид.


Суратҳо аз сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон

Мавсими нави Coca-Cola - Чемпионати Тоҷикистон-2022 оид ба футбол байни дастаҳои лигаи олӣ бо формулаи (шакли) нав баргузор мешавад.

Дар марҳилаи аввал 10 даста дар ду давр бозӣ мекунанд. Дар марҳилаи дуюм дастаҳо ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд. Холҳои дар марҳилаи аввал гирифта нигаҳ дошта мешаванд.

Панҷ дастаи беҳтарин аз рӯи натиҷаҳои марҳилаи аввал дар гурӯҳи “А” бозӣ карда, барои ҷойҳои аз 1 то 5-уми ҷадвал рақобат мекунанд. Дастаҳои боқимонда дар гурӯҳи “В” барои ҷойҳои аз 6 то 10-ум бозӣ карда, ду дастаи зинаи охири ин гурӯҳ лигаи олиро тарк ва ба лигаи якум мегузаранд.

Дар Чемионати футболи Тоҷикистон-2022 дар лигаи олӣ ҳар кадоме аз дастаҳо 22 бозӣ мегузаронад. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.