Дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо, ки рӯзҳои 4-7 август дар Қазоқистон доир гардид, ҷудокорони тоҷик ба дарёфти 2 медали нуқра ва 1 медали биринҷӣ ноил гардиданд.
Дар вазни зиёда аз 100 кило Темур Раҳимов дар қувваозмоии финалӣ аз варзишгари Ҷопон Кокоро Кагеуре шикаст хӯрда, медали нуқра ба даст овард.
Дар баробари медали нуқра, Раҳимов 490 имтиёз ба даст оварда, бо 3980 имтиёз дар зинаи аввали радабандӣ (рейтинг)-и Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF) дар вазни +100 кг қарор гирифт.
Ба медали дуюми нуқра дар вазни то 81 кг Шодмон Ризоев шарафёб гардид. Дар қувваозмоии финалӣ ӯ бо қҷдокори Ҷопон Такеши Сасаки рақобат кард.
Боз як намояндаи Тоҷикистон Сомон Маҳмадбеков дар қувваозмоӣ барои медали биринҷӣ бар намояндаи Қирғизистон - Асад Масобиров дастболо шуд. Барои Сомон ин аввалин дастовард дар вазни -81кг мебошад. Аз ин пеш ӯ дар вазни -73кг гӯштин мегирифт.
Тавре ки Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ҷудокорони дигари кишвар – Комроншоҳи Устопириён (-90кг), Абубакри Акобир (-100кг), Беҳрӯз Хоҷазода (-73кг) мавқеи 5-ум ва Шаҳбоз Саидаброров (-66кг) мавқеи 7-умро ишғол намуданд.
Зимнан зикр мегардад, ки дар чемпионат 168 варзишгар (97 мард, 71 зан) аз 17 давлати қора ширкат карданд.