Қаҳрамони нави лоиҳаи "Тоҷикистон, ба пеш!" Лоиқ Раҷабов - яке аз барҷастатарин размикори MMA дар вазнҳои сабук буда, рекорди 16-4-1 дорад.
Соли гузашта ӯ дар PFL дар ИМА мубориза бурда, Крис Уэйд, яке аз беҳтарин размикори амрикоиро шикаст дод, аммо дар мубориза барои унвони қаҳрамонӣ ба бразилиягӣ Раус Манфио мағлуб шуд.
Бо вуҷуди ин, чунин шикастҳо водор мекунад, то тавонотар ва беҳтар шавӣ, мутмаъин аст ӯ.
Ҳоло ӯ боз ба ИМА сафар кард ва он ҷо нақшаҳои бузурге дорад!
Дар ин навор ӯ дар бораи чӣ тавр рӯҳафтода нашудан, сирри муваффақият ва даст ёфтан ба пирӯзиҳои бечуну чаро нақл мекунад.
Дар доираи лоиҳаи «Тоҷикистон, ба пеш!» дар бораи варзишгарони маъруф ва номдори ҷумҳурӣ, инчунин дар бораи онҳое, ки ба ояндаи пуршарафи варзиши тоҷик умед мебахшанд, қисса мекунем. Ҳамаи онҳо ифтихори кишваранд ва ба онҳо нигариста, мо хитоб мекунем: Тоҷикистон, ба пеш!
Сарпарасти кулли лоиҳаи “Тоҷикистон ба пеш!” ширкати букмекерии 1XBET мебошад.
Бо промо-коди BAPESH дар сомонаи шарики мо сабти ном кунед ва дар пасандози аввалини худ то 1430 сомонӣ бонус гиред!