Қаҳрамони нави лоиҳаи «Тоҷикистон, ба пеш!» Зуҳро Холова - қаҳрамони секаратаи ҷаҳон оид ба кикбоксинг аст.

Дар оилаи онҳо ҳама намояндагони ҷинси латифанд. Ва ин сабаб шуд, ки ба санъати муҳорибаҳои тан ба тан машғул ва қавӣ шавад – бо мақсади муҳофизати худ ва хоҳарон.

«Онҳое, ки ба варзиш машғул нестанд заифанд, - бовар дорад Зуҳро. -Варзиш ба шумо ҳисси боварӣ ба худ мебахшад».

Ӯ дар давоми фаъолияти худ борҳо ба душворию мағлубият рӯ ба рӯ шудааст. Аммо ҳеҷ чиз ӯро шикаст дода натавонист.

«Вақте нокомиҳо мешаванд, вақте ки ман мағлуб мешавам, ман муддати муайян рӯҳафтода мешавам, қариб дилшикаста мешавам, аммо худамро ба даст мегирам, сабабҳо ва хатогиҳоро таҳлил мекунам, ва боз ҳам ба пеш меравам»,- мегӯяд ӯ.

Дар ин навор ӯ аз бурду бохтҳо дар роҳи пешгирифтааш изҳори назар мекунад.

Дар доираи лоиҳаи «Тоҷикистон, ба пеш!» дар бораи варзишгарони номдори ҷумҳурӣ, инчунин дар бораи онҳое, ки ба ояндаи пуршарафи варзиши тоҷик умед мебахшанд, қисса мекунем. Ҳамаи онҳо ифтихори кишваранд ва ба онҳо нигариста мо хитоб мекунем: Тоҷикистон, ба пеш!

Сарпарасти кулли лоиҳаи “Тоҷикистон ба пеш!” ширкати букмекерии 1XBET мебошад.

Бо промо-коди BAPESH дар сомонаи шарики мо сабти ном кунед ва дар пасандози аввалини худ то 1430 сомонӣ бонус гиред!

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.