Федератсияи байнулмилалии Ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА) рӯзи 22 декабр радабандии навбатии мунтахабҳои миллии футболро нашр кард, ки ҷамъбастӣ дар соли 2022 мебошад.
Дар он мунтахаби миллии Тоҷикистон бо касби 1187,02 имтиёз зинаи 108-умро ишғол мекунад. Як сол пеш Тоҷикистон дар радабандии ФИФА дар зинаи 116-ум қарор дошт.
Соли равон мунтахабиТоҷикистон таҳти роҳбарии муутахассиси хорват Петр Сегрт ҳамагӣ 9 вохӯрӣ гузаронида, дар 5 бозӣ ғолиб омад ва да 2 бозӣ ба бохт дучор шуда, 2 бозиро мусовӣ анҷом дод.
Мунтахаби Бразилия дар садри аввали радабандӣ боқӣ монд. Дар муқоиса бо радабандии пешина Аргентина ва Фаронса 1 мавқеъ боло рафта, зинаҳои 2 ва 3-юмро ишғол мекунанд. Иштирокчиёни вохӯрии нимфиналии Чемпионати ҷаҳон-2022 - Хорватия ва Марокаш низ мавқеи худро беҳтар намуда, аврупоиҳо мақоми 7-ум ва африқоиҳо зинаи 11-умро касб карданд.
Байни мунтахабҳои қораи Осиё Ҷопон (зинаи 20-ум) пешсаф буда, дар зинаҳои баъдӣ Эрон (24-ум), Кореяи Ҷанубӣ (25-ум) ва Австралия (27-ум) ҷойгиранд.
Миёни кишварҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) Украина то зинаи 26-ум боло рафта, Русия то мақоми 37-ум поин рафт. Дар минтақаи Осиёи Марказӣ Ӯзбекистон пешсаф ва зинаи 77-умро ишғол намуда, Қирғизистон дар мақоми - 94-ум, Қазоқистон - 115-ум ва Туркманистон дар зинаи 135-ум қарор доранд.
Радабандии минбаъдаи ФИФА 6 апрели соли 2023 нашр мешавад.
Рейтинги ФИФА аз соли 1993 ба ин сӯ тартиб дода мешавад. Имтиёзҳо ба кишвар аз рӯйи натоиҷи дастаи мунтахаби миллӣ дар давраи 4 сол дода мешавад.
Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар феҳристи ФИФА ҷойи 106-ум дар моҳи июли соли 2013 ва натиҷаи бадтаринаш ҷойи 180-ум дар соли 2003 мебошад.