Ассотсиатсияи байнулмилалии бокси IBA ва Федератсияи бокси Тоҷикистон сокинон ва меҳмонони Душанберо ба Шоми байнулмилалии бокс, ки имрӯз, 28 апрел дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии пойтахт доир мегардад, даъват мекунанд.

Ин шом муштзанони зерин бо ҳам рақобат мекунанд:

1. Зафар Парпиев (Тоҷикистон) – Ускенбоев Нормурод (Ӯзбекистан) – рақобати 6-раунда дар вазни то 53,5 кг

2. Шаҳбоз Ҳаитов (Тоҷикистон) – Абдумалик Болтаев (Тоҷикистон) – рақобати 3-раунда дар вазни 80 кг

3. Раҳимов Хусравхон (Тоҷикистон) – Шуҳрат Сабзалиев (Тоҷикистон) – рақобати 3-раунда дар вазни 57 кг

4. Ҷамбулат Бижамов (Русия) – Отабек Турдихӯҷаев (Ӯзбекистон) – рақобати 6-раунда дар вазни то 75 кг

5. Харитон Агрба (Русия) – Мирзокамол Неъматов (Ӯзбекистон) – рақобати 8-раунда дар вазни то 63,5 кг

6. Эстел Моссели (Фаронса) - Магали Родригес (Мексика) – рақобати 10-раунда дар вазни 63,5 кг барои дарёфти унвони WBC Silver

7. Муҳаммадхӯҷа Яъқубов (Тоҷикистон) – Ҷавоҳирбек Каримов (Ӯзбекистон) – рақобати 8-раунда дар вазни то 58,9 кг

Оғози Шоми байнулмилалии бокс - соати 17:00.

Макони баргузорӣ: Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии пойтахт, суроға: кӯчаи Карамов, бинои 115, Душанбе, Тоҷикистон.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.