Ассотсиатсияи байнулмилалии бокс (IBA) чанд рӯз пеш радабандии навшудаи мунтахабҳои бокс ва муштзанҳоро пас аз Чемпионати ҷаҳон-2023 дар Тошканд нашр кард.
Мувофиқи маълумоти IBA, 10 намояндаи Тоҷикистон ба шумори 50 нафар муштзанони беҳтарини сайёра дар вазнҳои худ дохил шуданд.
Натиҷаи беҳтаринро байни муштзанони тоҷик дорандаи медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон-2023 Баҳодур Усмонов соҳиб шуда, дар вазни то 63,5 кило дар радабандии байнулмилалӣ зинаи 4-умро ишғол мекунад.
Пас аз чемпионати ҷаҳон Баҳодур дар Инстаграми худ ба мухлисонаш чунин муроҷиат кард:
“Зинаи сеюми чемпионати ҷаҳон комёбии бузург аст. Мехоҳам ба шумо итминон диҳам, ки ин ҳоло ҳадди ниҳоии имкониятҳои ман нест, боз хубтар омода мешавам. Иншооллоҳ, дар садри радабандӣ қарор мегирам. Ҳамааш бо хости Худо”.
Дар вазни то 92 кг Давлат Болтаев дар зинаи 12-уми радабандии ҷаҳонӣ қарор дорад. Ӯ ҳамон муштзанест, ки пеш аз қувваозмоии финалӣ дар Чемпионати Осиё-2022 аз марги бародараш огаҳӣ ёфт.
“Ноумед шудам, хеле душвор буд”, - ба хотир меорад варзишгар. Мураббӣ бо ӯ гуфтугӯ кард: “Ту барои медал омадаӣ ва бояд ғалаба кунӣ”.
Давлат ба майдон баромада, пеш аз муҳлат бар рақибаш дастболо шуд.
Зинаи сеюмро байни муштзанони тоҷик Асрор Воҳидов касб мекунад, ки дар вазни то 57 кг қувваозмоӣ мекунад.
Айни замон ӯ дар зинаи 22-юми радабандии ҷаҳонӣ қарор дорад.
Ба даҳгонаи аввали беҳтарин муштзанони тоҷик инчунин инҳо шомиланд:
Некрӯз Салимов (то 75 кг, зинаи 24-ум дар радабандии ҷаҳонӣ), Муҳаммад Аброриддинов (зиёда аз 92 кг, зинаи 28-ум дар радабандии ҷаҳонӣ), Шаббос Негматуллоев (то 80 кг, зинаи 32-юм дар радабандии ҷаҳонӣ),
Наврӯз Ҷафоев (то 86 кг, зинаи 33-юм дар радабандии ҷаҳонӣ), Парвиз Каримов (то 86 кг, зинаи 41-ум дар радабандии ҷаҳонӣ),
Абдумалик Болтаев (то 75 кг, зинаи 44-ум дар радабандии ҷаҳонӣ), Хусравхон Раҳимов (то 57 кг, зинаи 45-ум дар радабандии ҷаҳонӣ).
Дар радабандии дастаҳои мунтахаби муштзанон байни 150 кишвар Тоҷикистон мақоми 38-умро ишғол мекунад.
Дар зинаи аввал Қазоқистон, мақоми 2-юм - Ӯзбекистон ва ҷойи 3-юм - Русия ҷойгир шудаанд.