Дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё дар Куала-Лумпур рӯзи 27 июл маросими қуръакашии марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026, ки дар ИМА, Канада ва Мексика доир мегардад, баргузор мешавад.
Ба иттилои Федератсияи футболи ҷумҳурӣ, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 аз даври дуюм муборизаро шуруъ мекунад.
Гуфта мешавад, дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки феълан дар раддабандии ФИФА миёни 46 кишвари КФО дар ҷойи 20-ум қарор дорад, аз даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 муборизаро оғоз мекунад.
Азбаски нахустин бор дар Ҷоми ҷаҳон-2026 48 даста ширкат хоҳад кард, Конфедератсияи футболи Осиё ба формати интихобӣ баъзе тағйирот ворид кард – барои дастаҳои қитъаи Осиё ҳаштуним роҳхат ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми ҷаҳон-2026 пешниҳод мешавад. Ин маънои онро дорад, ки аз миёни 45 даста 18 тим бо имтиёзи пасттарин – тибқи рейтинги навбатии ФИФА, ки 20 июл нашр мешавад ва вобаста ба шумораи дархостҳои ба ФИФА пешниҳодшуда – дар даври аввал рақобатро шуруъ мекунанд.
Дар даври аввал 18 даста нӯҳ ҷуфтро ташкил медиҳад, ки ҳар кадоми онҳо 12 ва 17 октябри соли 2023 дар хона ва дар меҳмонӣ бозӣ мекунанд.
Нӯҳ ғолиби даври аввал ба даври дуюм роҳ меёбад ва онҷо 27 дастаи боқимонда ҳамроҳ мешаванд. Дар марҳилаи дуюми интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 36 даста ба нӯҳ гурӯҳ тақсим мешавад ва онҷо иштирокчиён аз моҳи ноябри соли 2023 то июни соли 2024 шаш бозигӣ анҷом медиҳанд.
Дар поёни даври дувум ғолибони нӯҳ гурӯҳ ва дастаҳое, ки ҷойҳои дуюмро мегиранд, муборизаро дар даври сеюми интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 идома дода, ҳамзамон соҳиби роҳхат ба қисмати ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 мешаванд.
Қуръакашии даври сеюми Ҷоми ҷаҳон-2026 соли 2024 баргузор мегардад. Аз рӯи натиҷаи он 18 даста ба се гурӯҳ тақсим мешавад. Пас аз натиҷагирии даври сеюм ду тими беҳтарин аз ҳар гурӯҳ соҳиби роҳхат ба қисми ниҳоии Ҷоми ҷаҳон-2026 мегардад. Боз ду иштирокчии мустақими дигар аз Осиё дар даври чоруми интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 муайян карда мешавад ва як роҳхати дигари эҳтимолӣ тавассути плей-оффи байниқитъавӣ дастрас хоҳад шуд.
18 даста, ки дар даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 ҷойҳои сеюм ва чаҳорумро мегиранд, мустақиман ба даври сеюм ва ниҳоии интихобии Ҷоми Осиё-2027 роҳ меёбанд. Маълумоти муфассал дар бораи марҳилаи охирини интихобии Ҷоми Осиё-2027-ро Конфедератсияи футболи Осиё дертар нашр хоҳад кард.