Шоми дирӯз, 23-юми август, мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ байни дастаҳои наврасони то 17-сола ё чемпионати CAFA-2023 дастаи Қирғизистонро бо ҳисоби бузурги 4 бар 1 шикаст дод. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Манбаъ гуфт, ҳамчунин дирӯз, мунтахаби Эрон аз дастаи Афғонистон 2 бар 1 шикаст хӯрд.
Ҳоло давраи сеюми мусобиқот идома дорад. Аз рӯи ҷадвали мусобиқот ҳоло Тоҷикистон дар ҷои аввал, Ӯзбекистон ва Афғонистон дар ҷои дуввум ва сеюм ва Қирғизистон дар ҷои охир қарор дорад.
Қаблан, дар давраи дуввум, мунтахаби Тоҷикистон дастаи Афғонистонро бо ҳисоби 3:1 мағлуб карда буд. Голҳоро дар ин бозӣ Муҳаммад Назриев ва Парвиз Бобоназаров заданд.
Ҳамчунин, дастаи Ӯзбекистон мунтахати Қирғизистонро бо ҳисоби 2 бар 0 шикаст дода буд.
Дар марҳалаи якуми мусобиқот, рӯзи 20-уми август дастаи Ӯзбекистон дар даври аввал бар тими Эрон бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуд. Дар бозии дигар футболбозони Афғонистон ба дарвозаи тими миллии Қирғизистон се голи беҷавоб заданд.

Ёдовар мешавем, ки аз 20 то 27-уми август дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ байни дастаҳои наврасони то 17-сола баргузор мешавад, ки дар он дастаҳои панҷ кишвари минтақа – Тоҷикистон, Эрон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Афғонистон барои медалҳо мубориза мебаранд.
Барои иштирокчиён мусобиқаи дарпешистода як марҳилаи хуби омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 (U-17) ба ҳисоб меравад, ки моҳи октябри соли оянда баргузор мешавад. Аз ин рӯ, дар мусобиқаи болозикр дастаҳои наврасони то 15-сола баромад мекунанд.
Дар доираи мусобиқа ҳамагӣ 10 бозӣ баргузор мешавад. Мусобиқа аз рӯи системаи даврӣ дар як марҳила сурат мегирад. Дастаи ғолиб аз рӯи шумораи холҳо муайян мегардад.
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 11 марта 2025 года
Наряды к Наврузу: где в Душанбе найти эксклюзивные образы к празднику?
Кто такая Латифа аш-Шараа — первая леди Сирии?
В Алматы наградили мужчину, спасшего заложницу в аэропорту
Что даст Центральной Азии транспортное развитие Афганистана?
Бизнес с женским лицом: как Шахло Ватанова строит текстильный бизнес и вдохновляет женщин
Трамп заявил, что Украина «может не выжить» даже при наличии помощи США
В Сирии убиты около тысячи алавитов-сторонников бывшего президента страны Башара Асада
Шараф Давлатмуродов одержал первую победу в лиге LFA
Стоимость утилизации автомобилей в Таджикистане возрастет до 16 тысяч сомони?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста