Шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ ба варзишгарон ваъда дод, ки барои дастоварди назаррас дар Бозиҳои Осиё онҳоро бо манзил таъмин мекунад, хабар медиҳад шаҳрдории пойтахт дар саҳифааш дар Фейсбук.
Рустами Эмомалӣ дирӯз, 18 сентябр бо варзишгарон вохӯрда, барои натиҷаи арзанда дар Бозиҳои Осиё ба онҳо мукофотҳои арзанда ваъда кард.
Ба гуфтаи ӯ, варзишгароне, ки дар Ханчжоу медалҳои тилло ба даст меоранд, дар Душанбе ба хонаҳои сеҳуҷрагӣ таъмин мешаванд. Ба варзишгароне, ки медалҳои нуқра дарёфт мекунанд, хонаҳои дуҳуҷрагӣ ва барои медали биринҷӣ - хонаи якҳуҷрагӣ тақдим мешавад.
Ёдрас мекунем, ки Бозиҳои XIX Осиё аз 23 сентябр то 8 октябр дар шаҳри Ханчжоуи музофоти Чжетсзяни Чин баргузор мешаванд. Барномаи имсолаи бозиҳо аз 40 навъи варзиш иборат аст.
Дар Бозиҳои XIX Осиё дар Ханчжоу Тоҷикистонро зиёда аз 100 варзишгар намояндагӣ мекунанд, ки теъдоди рекордӣ барои ҷумҳурии мо аст.
Аз 40 навъи варзиши дар барномаи бозиҳо зикршуда варзишгарони тоҷик дар 18 навъи варзиш рақобат мекунанд.
Бозиҳои Осиё шурӯъ аз соли 1952 ҳар чор сол таҳти сарпарастии Шӯрои олимпии Осиё баргузор мешаванд. Тоҷикистон аз соли 1994 дар ин бозиҳо ширкат варзида, то ин дам 27 медал ба даст овардааст, ки 4-тоаш медали тилло, 6-тоаш - нуқра ва 17-тоаш биринҷӣ мебошад.
Уроженка Душанбе представит Таджикистан на конкурсе Шопена
17-летний сын главы Чечни стал секретарем Совбеза республики
Как прошло открытие Wildberries в Таджикистане?
Freedom Bank Tajikistan стал профессиональным участником рынка ценных бумаг Таджикистана
СМИ: Россия и Китай обходят вторичные санкции с помощью закрытой банковской системы
В Кыргызстане арестовали сотрудницу Русского дома. Ее подозревают в вербовке наемников
Власти Таджикистана выделят из бюджета дополнительные деньги на строительство правительственных объектов
За что российские силовики убили трех таджикских мигрантов?
Детским бракам – нет. ВОЗ выпустила рекомендации по предотвращению подростковой беременности
В Узбекистане будет создан Центр подготовки граждан к работе за рубежом
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста