Размикори Лигаи АСА аз Тоҷикистон Аъзам Ғаффоров барои роҳ ёфтан ба даври финалии Гран-при рӯзи 9 январ дар Маскав бо варзишгар аз Бразилия Алан Гомеш дар АСА 170 рақобат мекунад. Дар ин бора хадамоти матбуоти АСА - Absolute Championship Akhmat - Лигаи промоутерии Русиуя, ки аз рӯи ММА, кикбоксинг ва ҷиу-ҷитсу мусобиқаҳо ташкил мекунад, хабар медиҳад.
Пеш аз рақобат Аъзам Ғаффоров дар бораи рӯҳия ва омодагиаш дар рақобат бо Алан Гомеш, ки соли 2021 вохӯрда, бо нокаут аз ӯ шикаст хӯрда буд, чунин изҳори назар кард:
“Барои ман рақобат бо Гомеш нисбат ба қувваозмоӣ бо Курбан Гаджиев шавқовартар аст. Ин рақобат қиссаи худро дорад. Ин барои ман имконест барои қасосгирӣ. Зарбаҳои ӯ хеле қавианд. Рақиби хеле арзанда аст. Вақте ӯро барои ман ҳариф пешниҳод карданд, дарҳол розӣ шудам. Акнун ҳадафи ман натанҳо ба финали Гран-при баромадан, балки қасосгирӣ ҳам ҳаст. Ин бештар маро ангеза медиҳад”, - гуфтааст Ғаффоров.
Аъзам Ғаффоров дар Муъминобод ба дунё омада, дар оилаашон бо шумули худаш панҷ фарзанданд. Пас аз хатми мактаби олӣ Аъзам ба Маскав рафта, дар набор кор мекард ва ҳамзамон ба машқу тамрин ҳам машғул мешуд.
Иштироки худро дар муҳорибаҳои омехтаи касбӣ соли 2015 аз ташкилоти Octagon Fighting Sensation оғоз кард.
Баъди чанде аз муҳорибаҳои муваффақона дар лигаҳои Русия, тақдир Аъзамро ба Чин бурда, дар он ҷо дар промоушени WFL Wars ду қувваозмоӣ гузаронид.
Пас аз ин Аъзам Иван Андрюшенкоро дар АСВ шикаст дода, баъди ба табдил ёфтани ин ташкило ба АСА, дар он мавқеи устувор пайдо кард. Дар қувааозмоии аввалин Ғаффоров аз Юнус Евлоев шикаст хӯрда, дар муҳориба бо Мансур Хатуев дастболо шуд. Сипас аз Чарлз Энрик ва Алан Гомеш (ҳарду аз Бразилия) шикаст хӯрд.
Рӯзи 11 августи соли 2023 Ғаффоров дар чаҳорчӯби даври чаҳоякфиналии Гран-прии АСА дар вазни сабуктарин бо Вартан Асатрян рақобат кард. Бо қарори ҷудогонаи доварон Аъзам ғолиб дониста шуд.
Дар давоми қувваозмоиҳои худ Ғаффоров 15 бор дастболо шуда, 3 бор шикаст хӯрдааст. Гомеш бошад, 15 ғалаба, 5 бохт ва 1 мусовӣ дорад.