Тавре ки портали Transfermarkt хабар медиҳад, мунтахаби футболи Тоҷикистон 1 млн 450 ҳазор евро қимат шуда, айни замон 8 млн 380 ҳазор евро нарх дорад.
Синнусоли мунтахаби Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 24, 4 солро ташкил медиҳад. Ҳамчунин рӯйхати даҳгонаи (топи) футболбозони дастаи мунтахаб таҳия шудааст.
Дар зинаи 1-ум дарвозабони “Истиқлол” Рустам Ятимов қарор дорад, ки 1 млн 200 ҳазор евро нархгузорӣ шудааст. Ӯ гаронтарин дарвозабони минтақаи Осиёи Марказӣ боқӣ мемонад. Ғайр аз ин, Ятимов ба даҳгонаи гаронтарин бозингарони минтақа шомил гардидааст.
Зинаи 2-юмро ду нафар - Зоир Ҷӯрабоев (“Нефтчӣ”, Ӯзбекистон) ва Алишер Ҷалилов (“Истиқлол”) ишғол мекунанд, ки ҳар кадоме 700 ҳазор евро нарх доранд.
Футболбози ЦСКА-и Булғористон Парвиз Умарбоев 250 ҳазор евро “арзон шуда”, акнун нархаш 500 ҳазор евро аст. Ҳамроҳи ӯ дар зинаи 3-юм Эҳсони Панҷшанбе ҷойгир шудааст.
Зинаи 4-умро якбора 3 футболбози дастаи мунтахаб ишғол мекунанд: Комрон Турсунов аз тими «Гокулам Керали»-и Ҳиндустон, Амадонӣ Камолов ва Ваҳдат Ханнонов аз “Персеполис”-и Эрон, ки ҳар кадоме 450 ҳазор евро нарх доранд.
Дар зинаи 5-ум Алишер Шукуров аз “Динамо”-и Тифлис ва Шаҳром Самиев, ки чанде пеш аз “Милсами”-и Молдова ба “Андиҷон”-и Ӯзбекистон гузашт, қарор доранд. Онҳо ҳар кадоме 400 ҳазор евро нархгузорӣ шудаанд.
Дар зинаи 6-ум футболбози “Нефтчӣ”-и Фарғона Манучеҳр Сафаров (350 ҳазор евро), 7-ум - Аҳтам Назаров (“Истиқлол”) ва Рустам Соиров ки имсол тариқи трансфер аз “Локомотив”-и Тошканд ба “Истиқлол” омад, ҷой гирифтаанд. Нархи ҳар кадоме аз ду нафари охир 250 ҳазор евро зикр шудааст.
Аз рӯи арзиш дар зинаи 8-ум футболбозони “Истиқлол” Содиқҷон Қурбонов ва Шервони Мабатшоев қарор доранд, ки ҳар кадоме 225 ҳазор евро нархгузорӣ шудаанд. Дар ҷойи 9-ум Нуриддин Ҳамроқулов (“Вахш”) ва Муҳаммадҷон Раҳимов (“Равшан” қарор доранд, ки ҳар кадоме 175 ҳазор евро нарх доранд.
Дар охири даҳгонаи гаронтаринн бозингарон Алиҷони Айнӣ аз “Самгурали”-и Гурҷистон ва Муҳриддин Ҳасанов аз “Истиқлол” ҷойгиранд, ки ҳар яке 150 ҳазор евро нарх доранд.
Дар идома Табрез Исломов («Истиқлол») – 125 ҳазор евро, Вайсиддин Сафаров (КМВА), Руслан Хайлоев («Тюмен»), Холмурод Назаров («Равшан»), Муҳаммадалӣ Азизбоев («Ҳосилот») - ҳар кадоме 100 ҳазор евро, Далер Баротов («Истаравшан») ва Далер Имомназаров («Эсхата») – ҳар кадоме 75 ҳазор евро қарор доранд.
Қобили зикр аст, ки мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон бори нахуст дар таърихи худ ба даври чаҳорякниҳоии Ҷоми футболи Осиё-2024 дар Қатар роҳ ёфт. Пас аз ин дастаҳои футболи кишварҳои гуногун ба футболбозони тоҷик таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Аз ҷумла баъди ин мусобиқа чанде аз футболбозон бо дастаҳои гуногун қарордод бастанд.