Ҳамагӣ чанд рӯз қабл Лоиқ Раҷабов, размгари шинохта ва номдори тоҷик дар ташкилоти UFC муҳорибаи сеюми худро гузаронид. Ин маротиба ӯ бо Карим Ал-Селвади муҳориба кард. Лоиқ Раҷабов рақиби худро дар раунди сеюм бо як зарбаи дасти рост ба накаут фиристод.
“Тонки тоҷик” ҳамчунин яке аз варзишгаронест, ки ҳаводорони зиёди худро дорад.
Ӯ корномаи касбии худро аз соли 2012 шурӯъ карда, дар ташкилотҳои бонуфузе чун PFL, UFC ва дигарҳо ҳунарнамоӣ намудааст.
Бояд ёдовар шуд, ки Лоиқ Раҷабов дар ташкилоти PFL ду маротиба барои ба даст овардани камарбанди қаҳрамонӣ ва мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 1 млн доллар мубориза бурд, аммо мутассифона, дар ҳарду ҳолат шикаст хӯрд.
Ӯ аз соли 2022 инҷониб дар ташкилоти UFC баромад мекунад. То имрӯз ӯ дар ин ташкилот се муҳориба гузаронида, 2 ғалаба ва як мағлубият дорад. Ягона шикасти ӯ дар ин ташкилот аз варзишгари полшагӣ Матеуш Ребетский буд.
Дар умум дар корномаи ҳирфаии худ ӯ 23 муҳориба гузаронида 18 ғалаба 5 бохт ва 1 мусовӣ дорад.
Мо Лоиқ Раҷабовро ба барномаи “Varzish +” даъват кардем. Ӯ дар барнома перомуни даврони кӯдакӣ, ҳаёти шахсӣ, корномаи касбӣ ва дигар паҳлӯҳои муҳими ҳаёташ қисса кард.




Экс-глава управления здравоохранения Согда освобождён после штрафа по делу о взятке
От рынков до онлайн-площадок: как защищают права потребителей в Таджикистане
Сколько на самом деле стоит школьное образование в Таджикистане?
Милиция Душанбе предупредила руководителей рынков об ответственности за рост цен перед Рамазаном
Фильм «Битва за битвой» получил шесть «Оскаров». Кто еще забрал статуэтки?
Неизвестные вооруженные лица убили гражданку Таджикистана в афганском Кундузе — СМИ
Европейский инвестфонд вложит более $200 млн в таджикскую авиакомпанию Shohin Airlines
Долговая ловушка. Как в Таджикистане взять кредит и не пожалеть об этом?
Казахстанцы одобрили новую Конституцию страны — Центризбирком
Radisson Collection приходит в Таджикистан
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста