Дар Рӯзи аввали мусобиқаи байнулмилалии Dushanbe Grand Slam 2024 оид ба ҷудо, ки дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии шаҳри Душанбе ҷараён дорад, намояндагони Тоҷикистон соҳиби се медал шуданд - 1 тилло, 1 - нуқра ва 1 - биринҷӣ.
Дар рӯзи аввали мусобиқа ҷудокорон аз рӯи 5 вазн: 48 кг, -52 кг, -57 кг байни занон ва -60 кг ва -66 кг байни мардон қувваозмоӣ намуданд.
Дар вазни -60 кг ҷудокори тоҷик Муҳаммадсолеҳ Қувватов бар Виджай Кумар Ядав (Ҳиндустон), Гамзат Заирбеков (дастаи варзишгарони бетараф), Родриго Коста Лопес (Португалия), Ҳаято Кондо (Ҷопон) ва дар рақобати финалӣ Магжан Шамшадин аз Қазоқистонро мағлуб намуда ба дарёфти медали тилло шарафёб гардид.

Дар вазни -66 кг намояндаи Тоҷикистон Обид Ҷебов бар ҷудокорон Сумия Лхагвасурен (Муғулистон), Алмас Галюмов (Қазоқистон) ва Абдураҳим Нутфуллоеф (Ӯзбекистон) дастболо шуда, дар финал аз Сердар Раҳимов аз Туркманистон мағлуб шуд ва медали нуқраи мусобиқаро ба даст овард.

Ҷудокори дигари тоҷик Муллораҷаб Халифаев дар вазни -66 кг Мартин Сетз (Олмон), Элиос Манзи (Италия), Абрек Нагучевро (варзишгари инфиродии бетараф)-ро шикаст дода, дар рақобат барои дарёфти медали биринҷӣ бар Абдураҳим Нутфуллоев (Узбекистон) дастболо шуд.

Ҳамаи ғолибон ва ҷоизадрони рӯзи 1-уми мусобиқа:
Мардон
-60 кг
1. Муҳаммадсолеҳ Қувватов (ТОҶИКИСТОН)
2. Магжан Шамшадин (Қазоқистон)
3. Изнаур Сааев (дастаи варзишгарони инфиродии бетараф)
3. Ҳаято Кондо (Ҷопон)
-66 кг
1. Сердар Раҳимов (Туркманистон)
2. Обид Ҷебов (ТОҶИКИСТОН)
3. Иван Черних (дастаи варзишгарони инфиродии бетараф)
3. Муллораҷаб Халифаев (ТОҶИКИСТОН)
Занон
-48 кг
1. Бавуудорж Баасанхуу (Муғулистон)
2. Тугче Бедер (Туркия)
3. Айна Моисеева (дастаи варзишгарони инфиродии бетараф)
3. Николич Милитса (Сербия)
-52 кг
1. Фабен Кохер (Швейтсария)
2. Бинта Ндиайе (Швейтсария)
3. Глафира Борисова (дастаи варзишгарони инфиродии бетараф)
3. Ҷунг Йерин (Ҷумҳурии Корея)
-57 кг
1. Ҷессика Климкейт (Канада)
2. Сара-Леони Сизик (Фаронса)
3. Вероника Тониоло (Италия)
3. Энхриилен Лхагватогоо (Муғулистон).
Бино ба маълумоти Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар мусобиқаи «Dushanbe Grand Slam 2024» 390 варзишгар аз 65 кишвари панҷ қораи ҷаҳон иштирок мекунанд.
Маблағи умумии ҷоизаҳои молии мусобиқа 154 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Ғолибон дар ҳар як вазн (7 вазн миёни мардон ва 7 вазн миёни занон) бо 5000 евро, барандагони медали нуқра бо 3000 евро ва соҳибони нишони биринҷӣ бо 1500 евро сарфароз мегарданд.
Қобили зикр аст, ки ҷудокорон ба ҷуз аз медал, соҳиби имтиёзҳо дар феҳристи ҷаҳонӣ ва олимпӣ низ мешаванд.
Как Россия и Англия Памир делили. О последней военной кампании русских в Центральной Азии
«TikTok стал ключом к моей поездке в Гарвард». История Дильшода из Кайраккума
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 6 апреля 2025 года
Таджикский суп: 7 рецептов необычного вкуса
Узбекистан впереди Ирана, Таджикистана и Кыргызстана. Какие футбольные команды дороже всех в Азии?
Душанбинская чайхана «Фарогат» - память тысячи людей
Рост ксенофобии в России - спланированная государственная политика?
Визуальный журнал прошлого. Как Фарзона из Душанбе создала проект о старом Таджикистане
Трамп продлил работу TikTok в США на 75 дней
Что делать, если вы попали под «облаву»? 5 вопросов от призывников Таджикистана
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста