Оғози Бозиҳои олимпии тобистонаи соли 2024 дар Париж (Фаронса) торафт наздик мешавад. Дар ин Бозиҳо зиёда аз 10 ҳазор варзишгар аз 205 кишвари саросари дунё ширкат варзида, барои 329 маҷмӯи медалҳо дар 32 навъи варзиш рақобат мекунанд.
Аз кишварҳои Осиёи Марказӣ кӣ аз ҳама бештар роҳхат дорад?
Ӯзбекистон - 60 роҳхат ба Олимпиада-2024
Мунтахаби Ӯзбекистон дар ин рӯйхати ғайрирасмӣ пешсаф аст.
Рӯйхати варзишгарони Ӯзбекистон, ки аллакай барои иштирок дар Бозиҳо ҳуқуқ пайдо кардаанд, маълум шуд.
Имрӯз онҳо 60 нафар буда, дар навъҳои варзиши камонварӣ, варзиши сабук, бокс, велосипедронӣ, ҷаҳидан ба об, шамшербозӣ, гимнастика, панҷҳарбаи муосир, таэквон-до, гӯштин рақобат хоҳанд кард.
Қазоқистон - 50 роҳхат
Айни замон мунтахаби Қазоқистон дар зиёда аз 13 навъи варзиш, аз қабили бокс, типаронӣ, камонварӣ, шамшербозӣ, велосипедронӣ, панҷҳарбаи муосир, таэквон-до, гӯштин ва ғайра 50 роҳхат дарёфт кардааст.
Қирғизистон - 9 роҳхат
Мунтахаби Қирғизистон ҳоло дар гӯштин ва шиноварӣ 9 роҳхат дорад. Дар ин кишвар қаблан пешбинӣ карда буданд, ки варзишгарон ба Бозиҳои олимпии Париж дар 12 навъи варзиш 30 роҳхат дарёфт мекунанд.
Тоҷикистон - 4 роҳхат
Айни замон Тоҷикистон дар 2 навъи варзиш ҳамагӣ 4 роҳхат ва инчунин 3 квотаи махсус ҷудошуда (2-то дар шиноварӣ ва 1-то дар варзиши сабук) дорад.
Ин даъватномаҳоро федератсияҳои байнулмилалӣ ба таври анъанавӣ ба варзишгарон ҷудо карданд. Ҳоло ҳамагӣ 7 варзишгари тоҷик ба Бозиҳои олимпии Париж мераванд.
То Бозиҳои олимпӣ дар Париж вақти кам мондааст, лекин тоҷикистониён ҳоло ҳам имкон доранд, ки роҳхат дарёфт кунанд.
Рӯзҳои 9-12 май дар Туркия миёни гӯштингирон мусобиқаи охири интихобӣ доир гардида, дар он мунтахаби Тоҷикистон низ иштирок мекунад.
Ғайр аз ин, бо маълум гардидани радабандӣ (рейтинг)-и ниҳоӣ дар навъи гӯштини ҷудо рӯзи 23 июн сафи тоҷикистониёни иштиркчии Олимпиада зиёд шуда метавонад. Аз рӯи натиҷаҳои он якчанд ҷудокорон аз Тоҷикистон ба Бозиҳои соли 2024 роҳхат хоҳанд гирифт.
Ҳамчунин боксчиёни тоҷик низ дар мусобиқаи ҷаҳонӣ дар Бангкок (Таиланд) имкон доранд, ки роҳхат дарёфт кунанд.
Ёдрас мекунем, ки дар Бозиҳои 19-уми Осиё дар Ханчжоу-2023 Тоҷикистон 7 ҷоиза ба даст овард. Дар ин мусобиқа муштзанони тоҷик ба дарёфти ду роҳхат барои иштирок дар Бозиҳои олимпии соли 2024 ноил гардиданд. Ба ин роҳхатҳо Давлат Болтаев (92 кг) ва Мадина Самадова (57 кг) соҳиб шуданд.
Чанде пеш дар мусобиқаи олимпии ҷаҳонӣ оид ба бокс дар Италия Баҳодур Усмонов (63,5 кг) ва дар мусобиқаи интихобии таэквон-до WT дар Чин Мунира Абдусаломова ((+67 кг) ба Бозиҳои олимпии соли 2024 дар Париж роҳхат ба даст оварданд.
Иштирокчиёни Бозиҳои олимпии соли 2024 аз рӯи квотаҳои ҷудошударо (бе дарёфти роҳхат) дар шиноварӣ (2 нафар) ва варзиши сабук (1 нафар) каме баъдтар федератсияҳои Тоҷикистон оид ба ин навъи варзишҳо муайян мекунанд.
Туркманистон - 1 роҳхат
Айни замон мунтахаби Туркманистон барои иштирок дар Бозиҳои олимпии соли 2024 1 роҳхат дар навъи вазнбардорӣ дорад. Дар кишвар умедворанд, ки то оғози Олимпиада боз якчанд роҳхатҳо дарёфт хоҳанд шуд.
Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2024 дар Париж аз 26 июл то 11 август баргузор мешаванд. Дар Олимпиадаи пешин дар Токио аз Тоҷикистон 7 варзишгар иштирок карда, ҳеҷ кадоме аз онҳо ба дарёфти медал даст наёфт.