Дар Бангкок (Таиланд) рӯзи 16 май ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Конфедратсияи футболи Осиё (КФО) ва Конгресси 34-уми КФО баргузор шуд.

Дар ин Конгресс аъзои нави Кумитаи иҷроия барои давраи солҳои 2024-2027 интихоб шуданд. Аз ҷумла, Миҷгона Маҳмадалиева аз Тоҷикистон аз минтақаи Осиёи Марказӣ узви Кумитаи иҷроияи КФО интихоб ва тасдиқ шуд.

Қобили зикр аст, ки дар бораи ба ҳайати Кумитаи иҷроия шомил шудани Миҷгона бори аввал охири соли гузашта дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи КФО сухан рафта буд. Он замон ин хабарро барои Осиёи Марказӣ таърихӣ унвон карда буданд, зеро намояндаи Тоҷикистон (ва дар умум минтақаи Осиёи Марказӣ) ба ҳайати Кумитаи иҷроияи Конфедератсия тавсия шуда буд.

Сурат: КФО

“Ҳуқуқшиноси Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ аввалин зан аз минтақаи мо дар Кумитаи иҷроияи КФО аст. Иқдоми ҳамкорони мо аз Тоҷикистон қобили таҳсин аст, зеро аз дигар федератсияҳо то ҳол номзадии занҳо пешбарӣ нашуда буд”, - гуфтааст мутахассиси Ӯзбекистон, узви Кумитаи тадорукоти Чемпионати ҷаҳон ва Ҷоми Осиё дар Катар Алишер Никимбаев.

Миҷгона Маҳмадалиева дар ҷаласаи ҳайати раҳбарии КФО дар Бангкок иштирок кард. Дар он ҳамчунин президенти Конфедератсия Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа ва дигар аъзои кумита ҳузур доштанд.

Сурат: КФО

“Соли 2023 таҳти сарпарастии КФО ва дастгирии ассотсиатсияҳои миллӣ ва минтақавӣ 11 мусобиқа баргузор шуд. Муносибати пармасъули аъзои КФО ба баргузории мусобиқаҳо ба мо имкон медиҳад, ки бо итминон ба оянда назар кунем”, - гуфтааст президенти КФО.

Дар ҷараёни ҷаласаи имсола аъзои Кумита Австралия ва Ӯзбекистонро ба сифати кишварҳое, ки Ҷоми Осиёи КФО-ро дар соли 2026 ва 2029 пазироӣ мекунанд, тасдиқ намуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.