Дар Чемпионати Осиё оид ба қаиқронӣ (байдарка ва каноэ) байни варзишгарони U18 ва U23, ки дар шаҳри Паттайя (Таиланд) баргузор шуд, варзишгари Тоҷикистон ба дарёфти ду медали ин мусобиқа даст ёфт.
Яке аз варзишгарони ояндадори кишвар Муҳаммад Раҷабов дар масофаи 1000 метр зинаи аввалро ишғол намуд. Ғайр аз ин, Раҷабов дар масфоаи 200 метр дар каноэ ба дарёфти медали нуқра ноил гардид. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” мураббии тоҷик Зоирҷон Набиев хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, пеш аз мусобиқа Раҷабов таҳти роҳбарии Набиев дар Таиланд машқу тамрин кардааст.
“Хеле хурсандем, ки ӯ ду медали мусобиқаро ба даст овард. Ӯ натиҷаи шоиста нишон дод!”, - иброз дошт Набиев.
Варзишгари ҷавон Муҳаммад Раҷабов пас аз мусобиқа ба Душанбе баргашта, дар фурудгоҳ ӯро дӯстону наздикон ва мухлисонаш пешвоз гирифтанд.
Дар ҳамин ҳол, чанде пеш маълум шуд, ки мусобиқа оид ба қаиқронии «Таджикистан слалом опен-2024» баргузор намешавад. Дар назар буд, ки он баҳор доир мегардад. Гуфта мешавад, эҳтимол федератсия оянда амалисозии ин лоиҳаро боз баррасӣ мекунад.