Роҳбари Кумитаи тадорукоти Бозиҳои олимпӣ дар Париж Тони Эстанге ба унвони президенти Тоҷикистон нома ирсол намуда, дар он барои хатогӣ дар маросими ҷоизасупорӣ ба муштзанон дар вазни то 92 кг узрхоҳӣ кард.
Муштзани тоҷик Давлат Болтаев дар Бозиҳои олимпӣ ба дарёфти медали биринҷӣ шарафёб гардид. Дар маросими ҷоизасупорӣ ба ҷойи парчами Тоҷикистон парчами Таиланд боло бардошта шуд.

“Кумитаи тадорукоти Бозиҳои олимпии Париж-2024 самимона аз ҷаноби Болтаев, Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва халқи Тоҷикистон маъзарат мехоҳад. Мо комилан мефаҳмем, ки ба хатогӣ роҳ дода шуд ва амиқан аз ин изҳори таассуф мекунем”, - омадааст дар хабари сомонаи Кумитаи тадорукот.

Дар ҳамин ҳол, рӯзи 11 август дар варзишгоҳи “Стад де Франс” маросими пӯшидашавии Бозиҳои олимпӣ баргузор шуд. Дар ин маросим президенти Фаронса Эмммануэл Макрон, президенти Кумитаи байнулмилалии олимпӣ Томас Бах ва роҳбари УЭФА Ҷанни Инфантино ҳузур доштанд. Дар ин бора ВВС хабар медиҳад.
Пас аз шоуи пуршукӯҳ, ки дар он овозхонҳои маъруф Билли Айлиш, гурӯҳи роки амрикоии Red Hot Chili Peppers, рэпсаро Снуп Догг ва ҳунарманд (актёр) Том Круз) ширкат варзиданд, шаҳрдори Париж Анна Идалго парчами олимпиро ба шаҳрдори Лос-Анҷелес Карен Басс супурд. Бозиҳои олимпии тобистона соли 2028 дар ҳамин шаҳр баргузор мешаванд.

Аз рӯи натиҷаҳои Бозиҳои олимпии Париж-2024 дар ҳисоби умумидаставӣ тибқи медалҳои дарёфтшуда зинаи аввалро ИМА- 40 медали тилло, 44 нуқра ва 42 биринҷӣ ишғол кард. Дар панҷгонаи пешсафон Чин (40, 27, 24), Ҷопон (20, 12, 13), Австралия (18, 19, 16) ва Фаронса (16, 25, 22) қарор доранд.
Миёни дастаҳои минтақаи Осиёи Марказӣ мунтахаби Ӯзбекистон дар сафи пеш қарор дошта, намояндагони ин кишвар 13 медал - 8 тилло, 2 нуқра ва 3 биринҷӣ ба даст оварданд. Дар идома Қазоқистон - 1 тилло, 3 нуқра ва 1 биринҷӣ, Қирғизистон - 1 тилло ва 3 нуқра ва Тоҷикистон - 3 биринҷӣ қарор доранд. Туркманистон аз медалҳои олимпӣ бенасиб монд.
Тоҷикистонро дар Бозиҳои олимпии Париж 14 варзишгар намояндагӣ карданд. Сомон Маҳмадбеков ва Темур Раҳимов дар риштаи варзиши ҷудо ва Давлат Болтаев дар муштзанӣ ба дарёфти медалҳои биринҷӣ шарафёб гардиданд.
Французский пианист-виртуоз Франсуа Шаплен дал концерт в Душанбе
Шойгу развеял миф об огромной преступности в России среди мигрантов
В Афганистане запретили съемку и показ изображений живых существ
Таджикистан получит около 12 миллиардов кубометров воды для орошения в 2025 году
«ХАМАС, вон!». Палестинцы в Газе открыто выступают против ХАМАС
Игрок с таджикскими корнями не смог закрепиться в московском «Спартаке»
Кохир Расулзода проведет переговоры с премьер-министром России
В Ташкенте прошла первая встреча руководителей спецслужб стран Центральной Азии
В Кыргызстане арестовали российского блогера по делу о наемничестве
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 25 апреля 2025 года
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста