Мунтахаби футболи наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон, ки аз 3 то 27 ноябри соли 2025 дар Қатар доир мегардад, дар гурӯҳи I бозӣ мекунад.
Аз рӯи натиҷаҳои қуръакашӣ, ки рӯзи 25 май дар Давҳа баргузор шуд, наврасони тоҷик ҳамроҳ бо тимҳои миллии ИМА, Буркина-Фасо ва Чехия дар гурӯҳи “I” қарор гирифтанд.
Ҳаққи иштирок дар ин мусобиқаро мунтахаби наврасони Тоҷикистон пас аз ҳунарнамоии муваффақона дар Ҷоми Осиё U-17 – 2025, ки дар Арабистони Саудӣ доир гардид, ба даст овард.
Таҳти раҳбари мураббӣ аз Италия Марко Раҷини а Тоҷикистон дар гурӯҳи D (6 хол) ба дарёфти зинаи якум ноил гардида, ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт. Ин нишондиҳанда ба иштирок дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон имкон дод.
Қобили зикр аст, ки мунтахаби наврасони Тоҷикистон қаблан 2 маротиба - солҳои 2007 ва 2019 дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон ширкат варзида буд.
Ин мусобиқоти қаҳрамонин ҷаҳон аввалин мусобиқа дар таърих хоҳад буд, ки дар он 48 даста иштирок мекунанд. Ин 48 даста ба 12 гурӯҳ - аз A то L тақсим мешаванд. Афзоиши шумори дастаҳо барои бисёре аз тимҳо роҳ ба арсаи байнулмилалиро боз мекунад. Аз 12 гурӯҳ дастаҳои зинаи якум ва дуюм, инчунин, 8 дастаи беҳтарини зинаҳои сеюм ба марҳилаи 1/16-ниҳоӣ роҳ меёбанд.
Гурӯҳҳои мусобиқот:
Гурӯҳи A: Қатар, Италия, Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ, Боливия
Гурӯҳи B: Ҷопон, Марокаш, Каледонияи Нав, Португалия
Гурӯҳи C: Сенегал, Хорватия, Коста-Рика, Амороти Муттаҳидаи Араб
Гурӯҳи D: Аргентина, Белгия, Тунис, Фиҷи
Гурӯҳи E: Англия, Венесуэла, Гаити, Миср
Гурӯҳи F: Мексика, Корея, Кот-д’Ивуар, Швейтсария
Гурӯҳи G: Олмон, Колумбия, Кореяи Шимолӣ, Эл-Сальвадор
Гурӯҳи H: Бразилия, Гондурас, Индонезия, Замбия
Гурӯҳи I: ИМА, Буркина-Фасо, Чехия, ТОҶИКИСТОН
Гурӯҳи J: Парагвай, Ӯзбекистон, Панама, Ирландия
Гурӯҳи K: Фаронса, Чили, Канада, Уганда
Гурӯҳи L: Мали, Зеландияи Нав, Австрия, Арабистони Саудӣ

Дар Telegram, Facebook ва Instagram бо мо бимонед.




