Дар мусобиқоти силсилаи “Тоскулоҳи бузург”-и Абу Забӣ (Abu Dhabi Grand Slam 2025), ки дар пойтахти Амороти Муттаҳидаи Араб рӯзҳои 28-30-уми ноябр доир гардид, ҷудокорони тоҷик ду медал - як нуқра ва як биринҷӣ гирифтанд.
Медали нуқраро Муҳиддин Асадуллоев дар вазни 73 кг ва медали биринҷиро Суннатулло Мӯсоев дар вазни 81 кг ба даст оварданд.
Дар марҳилаи сеюми рақобат Асадуллоев бо қаҳрамони дукаратаи ҷаҳон ва қаҳрамони олимпӣ Ҳидоятӣ Ҳайдаров аз Озарбойҷон дастболо шуд, ки натиҷаи ғайриинтизор ва барои ҷудокори ҷавони тоҷик хуб маҳсуб меёбад.
Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар ин мусобиқа ҷудокорони зерин низ шомил буданд:
Меҳрзод Сӯфиев (60 кг),
Абӯбакр Шеров, Беҳрӯзи Хоҷазода (ҳарду – 81 кг),
Абдулаҳад Маҷидов, Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода (ҳарду – 90 кг),
Сомонӣ Кишваров, Ҷаҳонгир Маҷидов (ҳарду – 100 кг).
Онҳо дар даврҳои аввал ё нимаи рақобатҳо ба бохт дучор гардида, аз ҳаққи идомаи мусобиқа маҳрум шуданд.
Ҳамин тариқ, ҷудокорони тоҷик ин мусобиқоти байналмилалиро бо як медали нуқра ва як медали биринҷӣ ҷамъбаст карданд.
Дар мусобиқа ба сурати умум 373 ҷудокор аз 52 кишвари саросари дунё ширкат варзиданд. Дар ҳисоби умумидаставӣ Тоҷикистон бо касби 2 медал дар зинаи 14-ум қарор гирифт. Фонди мукофотпулии мусобиқа 154 ҳазор евроро ташкил дод: ба ғолиб 5 ҳазор, дорандаи медали нуқра - 3 ҳазор ва биринҷӣ - 1 ҳазору 500 евро тақдим шуд.
Ғайр аз ин, ҷоизадорон мутаносибан 1000, 700 ва 500 имтиёз дар радабандӣ ба даст оварданд, ки мустақиман ва ба мавқеъҳояшон дар ҷаҳон ва роҳ ёфтан ба мусобиқиҳои калидии мавсими соли оянда таъсир мерасонанд.




Нулевой километр, стела Татариновой и турецкие часы
В Таджикистане с 2026 года увеличатся штрафы за правонарушения. Даем полный расклад
Карточки для чайников: зачем нужны ледники и почему они тают?
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 14 декабря 2025 года
Хозяин гор. Как тяньшанский бурый медведь выживает в Таджикистане?
Легионер сборной Таджикистана Абдулмажид Кудиев стал чемпионом Ирана
«На аукцион никто не пришел». Известная чайхана «Харбуза» в Гиссаре снова не нашла покупателя
На лошади и с биноклем. Как Сафарби – единственная женщина-лесник в Таджикистане – охраняет «Даштиджум»
По инициативе Таджикистана Генассамблея ООН объявила 2027-й Международным годом правовой грамотности
Huawei представляет Mate X7 и линейку новых инновационных устройств
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста