Душанбе. 12-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» - Дар ҷараёни баргузории мизи мудаввар дар мавзӯи
«Мушкилоти обу энергетикаи Осиёи Марказӣ: оё имкони созиш мавҷуд аст» директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон Сӯҳроб Шарипов изҳор дошт, ки имрӯз барои тоҷикистониён ноил гардидан ба истиқлолияти энергетикӣ ба ғояи миллӣ табдил ёфтааст ва касе мухолифи сохтмони нерӯгоҳи Роғун аст, пас ӯ хоҳ нохоҳ хоин шуморида мешавад, зеро стратегияи рушди миллии Тоҷикистонро маҳз истиқлолияти энергетикӣ таъмин месозад ва роҳи наҷоти мардуми тоҷик низ маҳз дар он ифода меёбад.
Ба гуфтаи ӯ, агар роҳи ҳалли мушкилоти энергетикии Тоҷикистону Қирғизистон пайдо нагардад, он метавонад ба муташанниҷии вазъи сиёсиву иҷтимоӣ оварда расонад. «Ӯзбекистон ба Тоҷикистону Қирғизистон пешниҳод месозад, ки аз сохтмони сарбандҳои бузург дар рӯдхонаҳои фаромарзӣ даст кашад, «вале ба ивази он чизи дигаре пешниҳод намекунад, ҳарчанд мардумони ин кишварҳо низ мехоҳанд дар фасли сармо аз нерӯи барқ танқисӣ надошта бошанд», - таъкид сохт ӯ.
С.Шарипов ба ин назар аст, ки кишварҳои минтақаро мебояд мустақилона ва бидуни дахолати миёнаравҳои хориҷӣ ин мушкилотро ҳал созанд, зеро ҳар як созмон ё кишвари хориҷие манфиати худро дар ин масоил ба назар хоҳад гирифт. «Ҳарчанд кӯшишоти қаблии мо натиҷаи назаррасе ба бор наоварда бошанд ҳам, зарур аст, тадриҷан ва зина ба зина ба наздикшавии мавқеъҳо кӯшид», - изҳор дошт вай.
Номбурда афзуд, роҳи раҳоӣ аз ин бунбастро мебояд ҳарчӣ зудтар пайдо кард, зеро мушкилоти обу энергетикӣ ба вазъи минтақа оқибатҳои ногувор ба бор хоҳад овард.
Қобили зикр аст, ки мизи мудаввар аз ҷониби Пажӯҳишгоҳи Ҷанг ва Сулҳ (
IWP
К) созмон дода шуда, дар кори он намояндагони сохторҳои ҳукуматии Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон, намояндагиҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, созмонҳои байнулмилалии машғул ба ин масъала, коршиносони мустақил ва рӯзноманигорон ширкат меварзанд.
Директори Пажӯҳишгоҳи Ҷанг Ва Сулҳ дар минтақаи Осиёи Марказӣ Абахон Султоннназаров изҳор дошт, ки ба мизи мудаввар намояндагони мақомоти дахлдори Ӯзбекистону Туркманистон низ даъват шуда буданд, вале бо сабабҳои номаълум ба Душанбе наомадаанд.
Влиятельные женщины в таджикской политике
ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Чайхона раздора, энергетический вопрос в Рамазан и мольбы матерей
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 9 марта 2025 года
Медиа-группа «Азия-Плюс» поздравляет всех женщин с Днем матери и Международным женским днем!
Цветы, улыбки и подарки: как прошла ежегодная акция «Азия-Плюс» - «Модарони мо»
Официально: Первый пункт выдачи заказов Wildberries в Душанбе откроется в апреле
Politico: Трамп ограничил полномочия Маска и его DOGE в вопросах увольнения госслужащих
ICB поддерживает развитие национального футбола
Иди Сари сол: Что это за праздник, который отмечают худжандцы?
В Узбекистане банки обязали снизить процентную ставку по ипотечным кредитам
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста