Номзад аз «Ҷумҳурихоҳон» Франсуа Фийон бохташро дар даври аввали интихоботи президентии Фаронса эътироф карда, эълом доштааст, ки дар даври дуюм ба ҷонибдории пешсафи маърака тибқи натиҷаҳои овоздиҳӣ Эммануэл Макрон овоз медиҳад.

Тибқи маълумоти аввалия, натиҷаҳои пурсиш дар баромадгоҳ аз қитъаҳои интихоботӣ нишон додаанд, ки дар давраи аввали маъракаи интихоботии Фаронса бо касби ҳудуди 24%-и овозҳо Эмммануэл Макрон пешсаф будааст.

Баъди Макрон натиҷаи дуюмро бо ба даст овардани 22%-и овозҳо пешвои «Ҷабҳаи мардумӣ» Ле Пен ишғол намуда, акнун дар даври дуюм бо Макрон рақобат мекунад.

Номзад аз «Ҷумҳурихоҳон» Франсуа Фийон наздики 20%, Жан-Люк Меланшон ҳам ҳамин миқдор ва намояндаи Ҳизби сотсиалистӣ Бенуа Амон 6,5% овозҳоро ба даст овардаанд.

Бенуа Амон ҳам натиҷаҳои аввалияро эътироф намуда, аз тарафдоронаш даъват кардааст, ки дар даври дуюм ба ҷонибдории Макрон раъй диҳанд, то ки бар «Ҷабҳаи мардумӣ»пирӯзӣ ба даст оварда шавад.