Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дархост кардааст, ки арзу шикоятҳои хешро дар мавриди фаъолияти 10 вазорату идораи давлатӣ ба унвонии ин ниҳод фиристанд.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, агентӣ тасмим дорад, дар фурсатҳои наздик фаъолияти ин идораҳоро мавриди санҷиш қарор дода, “хавфи амалҳои коррупсиониро” ошкор созад.

Дар Агентӣ гуфтаанд, дар миёни идораҳои мавриди санҷиши онҳо Вазорати молия, маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, рушди иқтисод ва вазорати меҳнату шуғли аҳолӣ шомил ҳастанд. Кумитаи сармоягузорӣ, кумитаи занон, ҷавонон ва телевизион ва радио низ мавриди таҳлили Оҷонсӣ қарор хоҳанд гирифт.

Ин ниҳод бо нашри рақами телефон ва имейли кормандони масъулаш дар вебсайти расмии худ аз мардум хостааст, ки дар мавриди кори ин идораҳо, саривақт баррасӣ шудани муроҷиатҳо, шаффофияти фаъолияташон ва инчунин кори торнамои расмиашон маълумот бидиҳанд.

Таҳлили хавфҳои коррупсионӣ барои Агентии зиддифасод салоҳият ва вазифаи нав аст, ки тибқи як қарори ҳукумати Тоҷикистон дар поёни соли 2016 тасвиб шудааст. Ин гуна санҷишҳо бештар хислати пешгирӣ ва ё “профилатика”-и коррупсияро дорад.

Ин шеваи нави кор пас аз оне рӯи даст гирифта шуд, ки раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ҷамъбасти кори ҳукумат гуфта буд, агентӣ бештар бояд барои пешгирии фасод талош кунад.

Дар ҳамин ҳол, маълумоти моҳҳои охир гувоҳи онанд, ки коррупсионерҳои асосӣ дар кишвар худи кормандони Агентианд. Дар Суди олӣ нисбати чандин нафар мурофиа идома дорад. Чанде пеш Суди олӣ собиқ муовини директори Агентӣ Давлатбек Хайрзодаро ба иттиҳоми порагирӣ ба 10,5 соли зиндон маҳкум кард.

Ҳамчунин Фаридун Беназирзода, собиқ муовини сардори Раёсати гумруки вилояти Суғд, ки қаблан дар Агентии мазкур кор мекард, низ мувофиқи моддаи «гирифтани пора» ба муҳлати 10,6 сол аз озодӣ маҳрум шуд.

Мурофиаи додгоҳии баррасии «парвандаи коррупсионерҳо» санаи 19 июл оғоз гардида, аз рӯи ин парванда 14 нафар - 10 нафар собиқ муборизон бо ришвахӯрӣ ва 4 нафари марбут ба ин парванда, собиқ кормандони Хадамоти гумрук ва дигар сохторҳои давлатӣ дар курсии айбдорӣ нишастаанд.

Тоҷикистон дар шохиси ришвахории созмони Шаффофияти Байналмилалӣ ё Транспаренси Интернешнл дар мақоми 152-юм ва дар яке аз зинаҳои поёнӣ қарор дорад. Ба гуфтаи масъулони ин созмон, далелҳо нишон медиҳанд, ки “ришвахорӣ дар Тоҷикистон васеъ паҳн шудааст ва дар тамоми сатҳҳои ҷомеа вуҷуд дорад”.