Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон сафар карда, дар ҳошияи иштирок дар маросими ифтитоҳи 5-умин бозиҳои осиёӣ дар Ашқобод бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ва Президенти Покистон Мамнун Ҳусейн дидору гуфтушунид кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни мулоқот бо Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов Эмомалӣ Раҳмон қайд кард, ки Тоҷикистону Туркманистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамкориҳои хубу дӯстона доранд ва кишварҳо омодаанд, то бо истифода аз фурсату имконоти мавҷуда барои ҳалли мушкилоти минтақавию ҷаҳонӣ муносибатҳоро дар ин самт боз ҳам тақвият бахшанд.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни вохӯрӣ бо Президенти Покистон Мамнун Ҳусейн Сарвари давлати Тоҷикистон зикр кард, ки сатҳи имрӯзаи эътимоду ҳамдастии ду давлат барои таҳкими бештари равобити ҳасана ва ҳамкориҳои гуногунҷанба мусоидат хоҳад кард.

Акс аз хадамоти матбуоти Президенти ҶТ

Шоми рӯзи 17 сентябр Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи 5-уми бозиҳои осиёӣ иштирок кард.

Гуфта мешавад, дар ин чорабинии бузурги варзишӣ мувофиқи маълумоти пешакӣ наздик ба 6000 нафар варзишгар аз 62 давлати Осиё ва Уқёнус иштирок менамоянд. Ба барномаи бозиҳо 21 намуди варзиш, аз ҷумла, баскетбол, гӯштини камарбандӣ, билярд, боулинг, шоҳмот, теннис, самбо, шиноварӣ, аспсаворӣ ва дигар намудҳои варзиш шомил шудаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки Тоҷикистонро дар Бозиҳои 5-уми Осиё 173 нафар, аз ҷумла 126 варзишгар дар 15 намуди варзиш ва ҳунарҳои размӣ намояндагӣ ҳоҳанд кард.