Дар рӯзҳои аввали Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон барои ташвиқу тарғиб ва бештар муаррифӣ намудани таъриху фарҳанги миллӣ ва пешниҳоди маълумоти дурусту саҳеҳ ба сайёҳон ва меҳмонони хориҷӣ, нахустин  Маркази муосири иттилоотии сайёҳӣ таъсис ва  ба фаъолият оғоз кард.

Тавре аз Кумитаи мазкур хабар доданд, ин марказ бо таҷҳизотҳои муосири иттилоотӣ аз қабили телевизорҳои плазмавӣ, планшетҳо ва ноутбукҳо таҷҳизонида шуда, маводҳои иттилоотии сайёҳӣ, армуғонҳо барои сайёҳон ва дигар маводҳоро фарогир мебошад.

 Планшетҳо ба шабакаи интернет пайваст буда, фарогири тамоми иттилооти зарурӣ оид ба имкониятҳои сайёҳии кишвар, таъриху фарҳанг ва анъанаҳои миллӣ, ширкатҳои сайёҳӣ, осоишгоҳу табобатгоҳҳо, истироҳатгоҳҳо, иқлим, ҳунарҳои дастиву армуғон ва дигар маълумотҳоро дар бар гирифта, ба меҳмонон маълумоти дуруст ва саҳеҳро пешниҳод менамояд.

1/6

Ҳадаф аз ташкил намудани маркази мазкур хизматрасонии машваратию иттилоотӣ ба сайёҳон ва ҷалби бештари сайёҳон арзёбӣ гардида, барои рушди соҳаи сайёҳӣ  заминаи мусоид фароҳам меорад.

Дар маркази иттилоотӣ доир ба харитаи хатсайрҳои сайёҳӣ, осоишгоҳ ва табобатгоҳҳо, ҳунарҳои мардумӣ, меҳмонхонаҳо кишвар маълумоти муфассал ва роликҳои таблиғотиву буклетҳои иттилоотӣ дарёфт кардан мумкин аст.