Вазорати меҳнати Русия тарҳи қонунеро таҳия кард, ки дар минтақаҳо тартиб додани феҳристҳои махсусро барои муҳоҷирон, ки дар онҳо ихтисосҳои муҳим барои ин минтақа нишон дода хоҳанд шуд, пешниҳод менамояд. Ин ҳуҷҷат ҷиҳати муҳокимаи ҷамъиятӣ дар сомонаи Федеролии санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ интишор шудааст.
Вазорати меҳнати Русия пешниҳод менамояд, ки якбора ба якчанд санадҳои қонунгузорӣ, аз ҷумла ба ҚФ «Оди ба шуғли аҳолии Федератсияи Русия», ҚФ «Оид ба вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Русия» тағйиру иловаҳо ворид карда шаванд, хабар медиҳад Muhojir.news.tj.
Гуфта мешавад, вазорат пешниҳод дорад, ки феҳристи ихтисосҳое тартиб дода шавад, ки аз рӯи онҳо муҳоҷирони меҳнатӣ метавонанд бо патент ба фаъолият машғул шаванд. Агар шаҳрванди хориҷӣ он ихтисосеро, ки дар феҳрист нишон дода шудааст, надошта бошад, гирифтани патент дар минтақа ва фаъолият аз рӯи он номумкин аст.
То ба имрӯз баъзе минтақаҳо тадбирҳои маҳдудкунандаро аллакай роҳандозӣ кардаанд. Масалан, барои дорандаи патент фаъолият дар бахшҳои муайян манъ аст, боз як маҳдудияти дигар – ин нархи худи патент мебошад. Агар дар минтақа бар он назар бошанд, ки ба онҳо қувваи кории хориҷӣ лозим нест, нархи патент хеле гарон мешавад ва на ҳар як муҳоҷир онро харидорӣ карда метавонад. Агар қувваи корӣ лозим бошад, нархи он то ҳадди ақал паст карда мешавад.
Аммо дар Вазорати меҳнат бар ин назаранд, ки чунин механизми «масдудкунанда» кофӣ нест ва шакли нави маҳдудиятҳоро пешниҳод карданд.
Вазорати меҳнати Русия пешниҳод дорад, ки феҳристи коргарони хориҷӣ, ки дар асоси патент ба фаъолияти меҳнатӣ машғуланд, тартиб дода шавад. Ин феҳрист маҷмӯи танзимшудаи маълумоти мустанад дар бораи коргарони хориҷиро пешбинӣ мекунад, ки дар қаламрави Федератсияи Русия дар асоси патент ба фаъолияти меҳнатӣ машғуланд.
Дар Феҳристи коргарони хориҷӣ, ки дар асоси патент фаъолият доранд, бояд маълумоти зерин мавҷуд бошад:
- рақами қайд;
- ном, насаб, номи падар (саввумаш, агар бошад);
- рӯзи таваллуд;
- ҷинс;
- шаҳрвандӣ (тобеият);
- мақсади вуруд ба Федератсияи Русия;
- силсила ва рақами шиноснома ва ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсияти шаҳрванди хориҷӣ ва аз ҷониби Федератсияи Русия ба ин мақом эътирофгардида;
- муҳлати эълоншудаи будубош (истиқомат) дар Федератсияи Русия;
- санаи бақайдгирӣ аз рӯи макони зисти охирон ва нишонии он;
- санаи қайд аз рӯи охирон макони будубош ва суроғаи он;
- касб (ихтисос, вазифа, навъи фаъолияти меҳнатӣ);
- силсила, рақам ва санаи дода шудани патент;
- патент аз ҷониби кӣ дода шудааст;
- ҳудуди амали патент;
- рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА);
- рақами суғуртавии суратҳисоби шахсии шаҳрванд дар низоми баҳисобгирии шахсии Фонди нафақаи Федератсияи Русия;
- ба шаҳрванди хориҷӣ пешниҳод намудани хизматрасониҳои давлатӣ ҷиҳати мусоидат барои дарёфти ҷойи кори муносиб ва натиҷаи он.
Патент - ягона ҳуҷҷате мебошад, ки дар сурати надоштани раводид, ҳуқуқи шаҳрванди хориҷиро ба муваққатан амалисозии фаъолият дар Русия тасдиқ мекунад. Чӣ гуна дастрас кардани патент дар инфографикаи мо:
Идеальная фигура к Новому году — как похудеть за 14 дней
Сухроб Касымов: "Я жалею, что воевал против своих…"
Стихия с начала года унесла жизни 17 таджикистанцев
Минтруд России назвал самые высокие зарплаты мигрантов
В Таджикистане создали приложение, которое поможет туристам исследовать страну
Нуреку - городу солнца и света сегодня 64. Фотолетопись нашей истории
В Таджикистане определились с налогоплательщиками – льготниками на 2025 год
Душанбе занял 216-е место в рейтинге лучших городов для экспатов
В Канибадаме обнаружены тела ещё четырёх человек - членов двух семей
За распространение психотропных препаратов в Душанбе задержали пять человек
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста