Аз рӯи далели иштирок дар муноқишаи гурӯҳӣ ва зимни он истифода аз ҳар гуна олот аз қабили корду санг дар кӯчаи Муҳаммадҷон Қосимови пойтахт 7 нафар ҷавонон боздошт ва се тан аз онҳо бо захмҳо аз корд дар бемористон зери посбонии кормандони милитсия бистарӣ шуданд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе боздоштшудагон - Абдулло Абдуллоев, донишҷӯи 19-солаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ; Ханҷар Қурбоналиев, донишҷӯи 21-солаи донишҷӯи курси 3-юми факултети ҳуқуқшиносии ДМТ; Ҳамза Мирзоев, донишҷӯи 21-солаи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия; Фирӯз Шарипови 21-сола, хатмкардаи Коллеҷи тарбияи ҷисмонии шаҳри Душанбе; Беҳрӯз Абдраҳмонов, донишҷӯи 21-солаи Донишгоҳи давлатии техники Тоҷикистон; сокини 28-солаи маҳаллаи Гулбутта Худобахш Зуҳуров ва сокини 17-солаи шаҳри Душанбе Сайраҳмон Азамов мебошанд.
Се тан аз боздоштшудагон – Абдулло Абдуллоев, Худобахш Зуҳуров ва Сайраҳмон Азамов бо заҳмҳо аз кор дар беморхона бистарианд.

Нисбати боздоштшудагон мутобиқи моддаи 237 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (авбошӣ дар ҳайати гурӯҳӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, дар ин моддаи ҷазои аз 5 то 7 соли зиндони низомаш шадид пешбинӣ шудааст.
Зимнан зикр мегардад, ки айни замон аз ҷониби милитсияи пойтахт барои муайян ва дастгир намудани дигар ҳаммаслакони гурӯҳҳо чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба роҳ монда шудааст.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
Эмомали Рахмону показали процесс адаптации редких растений к условиям Таджикистана
Обязательное электронное кодирование товаров: кому из импортеров Таджикистана нужно будет его внедрять?
АБР на 50% увеличит финансирование своих операций в развивающихся странах
Сборная Таджикистана по дзюдо отправится на турнир Большого шлема в Ташкенте
Израиль обвинил ХАМАС в нарушении соглашения после передачи тел четырех заложников
Financial Times: США отказываются от термина «агрессор» в отношении России
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 21 февраля 2025 года
Как построить ИИ-приложение за 0 сомони?
Афиша от «Азия-Плюс»: Дни японского кино, концерт Чоршанбе Аловатова и ярмарка «МартАртМаркет»
В Вахдате открыли первый ресторан KFC
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста