Ҷустуҷӯи нафароне, ки зери бинои фурӯрафта дар шаҳри Магнитогорски Россия қарор доранд, идома дорад. Аз ҷумла, тақдири чанд шаҳрванди Тоҷикистон низ то ҳол норӯшан аст.
Бино ба иттилое, ки аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ба “АП” дастрас гирдид, то ҳол як шаҳрванди Тоҷикистон, сокини 26-солаи шаҳри Кӯшониёни вилояти Хатлон Шуҳрат Улфатов аз зери вайронаҳо пайдо карда шуда, ба бемористон интиқол ёфтааст. Вазъи саломатии ӯ ваҳим арзёбӣ мешавад.
Аммо тақдири ҳамсари Шуҳрат Улфатов Раҷабмоҳ Исоева ва се фарзанди ӯ Аҳмади 6-сола, Фотимаи 4-сола ва Саймуҳсини 3-сола норӯшан аст.
Шаш аъзои оилаи шаҳрванди дигари Тоҷикистон Маҳмадрозиқ Самиев низ бенишон гаштааст.
Ёдовар мешавем, ки субҳи 31-уми декабри соли 2018 дар шаҳри Магнитогрск бинои бисёрошёна фурӯ рафт. Тибқи фарзияе, ки мақомоти Россия ироа кардаанд, ҳодиса дар пайи таркиши газ сурат гирифтааст.
Шумораи қурбониён, тибқи маълумотҳои то субҳи 2-юми январ дастрас шуда, ба 9 нафар расидааст. Хадамоти матбуоти Сарраёсати ВҲФ Росия дар вилояти Челябинск шумораи бедаракшудагонро 36 нафар арзёбӣ мекунад.
Дар пайи ин ҳодисаи нохуш президенти Россия Владимир Путин ба маҳалли ҳодиса рафт. Қабл аз ӯ Евгений Зиничев, вазири ҳолатҳои фавқулода ва Вероника Сквортсова, вазири тандурустӣ ба Магниторгорск рафта буданд.
Дар вилояти Челябинск, ки шаҳри Могнитогорск воқеъ аст, 2-юми январ рӯзи мотам эълон шудааст.
Из Таджикистана в Камбоджу: как долететь и что важно знать, собираясь в поездку
5 мифов о детских браках, или почему можно и нужно вмешиваться в вопросы традиций
Стало известно, когда таджикские спортсмены получат премию президента Таджикистана
Американские ученые обнаружили в мозге «отключающие» аппетит нейроны
ХАМАС освободил трех израильских заложников со вторым гражданством
Железные ворота: невероятное ущелье в Байсуне, где по легенде сыграл свадьбу Александр Македонский
МВД России предупредило о возможности заражения телефона вирусом через WhatsApp
Команды, регламент и даты. Каким в Таджикистане будет новый футбольный сезон?
Жителя Вахдата заподозрили в растлении несовершеннолетних
Зеленский в Мюнхене отказался подписать соглашение на передачу США 50% полезных ископаемых Украины
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста