Қисмати даромади Буҷети давлатии Тоҷикистон дар соли 2018 ба андозаи 0,3% ё ба маблағи 71,4 млн. сомонӣ барзиёд иҷро шуд, хабар дод вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода дар ҷаласаи рӯзи 21 январи ҳукумат.
Ӯ қайд кард, ки воридоти маблағ аз пардохти андозҳо ба буҷет ба андозаи 0,6% ва пардохтҳои гумрукӣ ба миқдори 1,2% барзиёд иҷро шудаанд.
Ба гуфтаи вазир, қисмати даромади суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи буҷет аз ҳисоби андози иҷтимоӣ аз ҳаҷми пешбинишуда 2,6% ё худ 44 млн. сомонӣ зиёд шуданд.
Бо вуҷуди ин, таъкид дошт ӯ, соли гузашта ба буҷет аз ҳисоби андоз аз даромад – 8,3 млн. сомонӣ ва андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) – 411,3 млн. сомонӣ кам маблағ ворид шудааст.
Раиси Кумитаи андоз Нусратулло Давлатзода қайд кард, ки соли 2018 шаш ноҳия – Ваҳдат, Ёвон, Панҷ, Фархор, Ховалинг ва Восеъ аз уҳдаи иҷрои ҷамъоварии маблағи андоз набаромадаанд.
Ӯ таъкид намуд, ки ҳаҷми бақияи маблағҳои андоз ба аввли соли равон 712 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба аввали соли гузашта 60 млн. сомонӣ зиёдтар аст.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба иҷро нашудани нақшаи ҷамъоварии ду навъи андоз ба маблағи умумии 420 млн. сомонӣ нигаронӣ изҳор намуд.
Сарвари давлат ба сохторҳои дахлдор дастур дод, ки дар самти коҳиши ҳаҷми бақияи қарздориҳо аз пардохти андоз тадбирҳои таъҷилӣ андешида шавад.
Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.
До 5 лет тюрьмы: в Казахстане определились с наказанием за кражу невест
Насладитесь моментом с напитками от «Арк Саноат»
Зеленский в 14-й раз продлил военное положение и мобилизацию в Украине
В Душанбе создадут совместный таджикско-российский индустриальный технопарк
Миронов предложил брать пошлину с денежных переводов мигрантов. Почему это несостоятельная идея?
Расследование дела о теракте в «Крокусе» завершено
Генсек ООН предостерёг Трампа от этнических чисток в Газе
В Таджикистан снова вернется зима
«Суровый приговор» и «суд не учёл младенца». Реакция на тюремный срок Рухшоны Хакимовой
Филиал IRS в Таджикистане ищет поставщиков дорожного нефтяного битума
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста