Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат додааст, ки шахсони инфиродӣ ба таври расмӣ ва қонунӣ ба коркарди тилло машғул шаванд. Дар ин бора Илҳом Оймуҳаммадзода, сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, имрӯз зимни нашасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Ӯ гуфт, ки барои машғул шудан ба ҷустуҷӯ ва коркарди тилло ягон монеа вуҷуд надорад ва ҳар нафар, пас аз гирифтани иҷозатнома метавонад бо ин кор машғул шавад.

“Имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, қисмати марказӣ ва ҷанубии Тоҷикистон шахсони инфиродӣ ба кофтуков ва коркарди тилло машғул ҳастанд. Дар ин минтақаҳо нуқтаҳои қабули тилло низ амал мекунад ва нафароне, ки ба ҷустуҷӯ ва коркарди тилло машғуланд, метавонанд тиллои пайдокардаи худро ба он нуқтаҳо супоранд ва маблағи муайянро ба даст оранд. Онҳо дар доираи қонун фаъолият мекунанд. Ҳарчанд ин кори осон нест, аммо фикр мекунам, ки бо ин кор машғул шудани ҷавонон беҳтар аз оворагардӣ аст”,-иброз дошт Илҳом Оймуҳаммадзода.

Қаблан барои содагардонии ҷустуҷӯ ва коркарди тилло дар қаламрави кишвар пешниҳодҳои мушаххас ироа шуда буданд. Аз ҷумла, дар Стратегияи рушди саноати ҶТ дар давраи то соли 2030, ки моҳи марти соли 2018 қабул ва тасдиқ шуд, роҳандозии як қатор тадбирҳо, аз ҷумла соддагардонии додани иҷозатномаҳо барои конҳои хурд, фароҳам овардани шароити мусоиди қарздиҳӣ барои истеҳсолкунандагон, таъсиси артелҳои заршӯён аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ барои истихроҷи металлҳо ва сангҳои қиматбаҳо, ташкил ва зиёд намудани нуқтаҳои харидории металлҳои қиматбаҳо ва ғайра пешбинӣ шудааст, ки гуфта мешавад ба афзоиши истихроҷ ва истеҳсоли тилло мусоидат менамояд.

Дар доираи татбиқи Стратегияи мазкур вазорати молияи кишвар пешниҳод намуда буд, ки ба шахсони инфиродӣ бораи озодона машғул шудан ба истихроҷи тилло иҷозат дода шавад. Гуфта мешуд, ки шаҳрвандони кишвар дар қаламравҳое, ки дар ихтиёри ин ё он корхонаву ширкат қарор надоранд, метавонанд озодона ба истихроҷу дарёфти тилло машғул шаванд ва барои он танҳо иҷозати Вазорати молияро гирифтан зарур аст.

Бар асоси ин пешниҳод, ба шахсони инфиродӣ барои истихроҷи тилло танҳо дар қаламравҳои муайян иҷозат дода мешавад. Ин қаламравҳо набояд ба шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ тааллуқ дошта бошанд ва дар онҳо эҳтимоли мавҷудияти ин металл бояд зиёд бошад. Масалан, водиҳои дарёҳои Зарафшон, Панҷ, Язғулом, Ванҷ, Бартанг ва ғайра.

Тиллои дарёфтшударо шахс метавонад озодона ба сохторҳои давлатии молиявӣ фурӯшад. Нархи харидории тилло аз аҳолиро Вазорати молия муқаррар мекунад.

Ёдовар мешавем, ки дороиҳои тиллои Тоҷикистон аз 137 кон бо захираҳои ҳисобшудаи тиллои саноатӣ ва 127 кон бо захираҳои тиллои ғайрисаноатӣ иборат аст. Конҳои асосии тиллои Тоҷикистон бо захираҳои тавозунӣ дар қисмати марказии ҷумҳурӣ воқеъ мебошанд.