33,7 дарсади сокинони кишвар бо вуҷуди он ки худкуширо гуноҳ ҳисобидаанд, зикр намудаанд, ки “ин роҳи халосӣ аз мушкил аст”. Ин маълумот дар таҳқиқоти анҷомдодаи Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон “Никоҳи бармаҳал ҳамчун сабаби пошхӯрии оилаҳо ва худкушӣ дар Тоҷикистон” зикр ёфтааст.
Таҳқиқоти мазкур дар саросари кишвар гузаронида шуда, дар рафти он 2500 нафар пурсида шудаанд. 13, 1 дарсади пурсидашудагон гуфтаанд, ки сабабгори аслии даст ба худкушӣ задани сокинони кишвар волидони онҳо мебошанд ва танҳо 9,8 дарсади пурсидашудагон ин амалро маҳкум намудаанд.
Дар таҳқиқоти мазкур зиёр гардидааст, ки сабаби даст ба худкушӣ задани сокинон гуногун аст. Баъзан баҳси кӯчаки оилавӣ ё мушкили иҷтимоӣ метавонад сабабгори даст ба худкушӣ задани одамон гардад. 37, 2 дарсади пурсидашудагон бошад гуфтаанд, ки сабаби даст ба худкушӣ заданӣ одамон бесаводӣ аст. 31,9 дарсади одамон бовар доранд, ки хушунати хонаводагӣ боиси даст ба худкушӣ задани одамон мегардад. Танҳо 28 дарсади пурсидашудагон таъкид намудаанд, ки никоҳи бармаҳал ва маҷбурӣ омилӣ худкушии ҷавонон аст.
Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоте, ки дар нишасти матбуотии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, соли 2018 дар ҷумҳурӣ 542 нафар даст ба худкушӣ задаанд, ки 236 нафари онҳо занон мебошанд. Сабаби асоси даст ба худкушӣ задани одамонро, масъулини Кумитаи мазкур низ мушкили оилавӣ ва хушунати хонаводагӣ номида буданд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 24 декабря 2024 года
"Я твердо знал, что буду летчиком": о чем рассказывают таджикские пилоты
Турецкие СМИ: жена бежавшего в Россию экс-президента Асада решила с ним развестись
Таджикские самолеты смогут проходить техобслуживание в Актау
Куда сводить ребёнка на Новый год? Программы развлекательных центров Душанбе
Сомона Махмадбекова признали лучшим спортсменом года в Таджикистане
Парковки пустуют, а дороги запружены машинами. Почему жители Душанбе не оставляют свои автомобили на подземных стоянках?
ФАО ООН выявила возможности для цифровизации сельского хозяйства в Таджикистане
Китайские продавцы осваивают российские маркетплейсы
Минобрнауки: В Таджикистане запрещены ёлки и чаепития в вузах, школах и детских садах
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста