Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов аз бадахшониҳои бурунмарзӣ даъват намуд, ки дар рушди зодгоҳашон бетараф набошанд ва саҳм гузоранд. Муроҷиатномаи раиси вилоятро котиби матбуотии ӯ Ғолиб Ниятбеков дар саҳифаи Фейсбуки худ нашр намуд.
Дар зер матни муроҷиатномаи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов оварда шудааст.
Ҳамватанони азиз, фарзандони Тоҷикистон - зодагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон.
Иҷозат диҳед, ба Шумо барои кори самаранок ва дастгирии наздиконатон изҳори миннатдорӣ кунам. Фидокориву ватандӯстдории шумо барои насли наврас доим намунаи ибрат хоҳад буд.
Дар куҷое набошем, албатта ҳеҷ гоҳ ватани худро фаромӯш намекунем. Ҳамватанони мо, ки берун аз вилоят ва кишвари худ зиндагӣ мекунанд, корҳои бисёреро барои ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ анҷом медиҳанд.
Имрӯз, дар вазъияти мушкил барои минтақа, шумо имконият доред, дар рушду гулгулшукофоии он ёрӣ расонед.
Ҳоло Ҳукумати кишвар барои тезонидани раванди рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят чораҷӯиҳои зиёде мекунад - таъмир ва тармими роҳҳои мошингард идома дорад, сохтмони манзилҳои истиқоматӣ ва иншоотҳои иҷтимоӣ ҷараён дорад, барои азхудкунии конҳои фоиданок озмунҳо эълон карда шудааст, ки дар навбати худ, садҳо ҷойҳои кории дигар ташкил мешаванд.
Дар ҳамин ҳол, вилоят ба дастгирии фарзандони худ - ба нафароне, ки бурун аз ВМКБ қарор доранду тавонистаанд ба шарофати дониш ва малакаи худ, ба дастовардҳои бузург ноил шаванд, ниёз дорад.
Ман аз шумо, ҳамватанони азиз хоҳиш мекунам, ки дар тақдири вилоят бетараф набошед.
Аз имкониятҳои худ дар рушди деҳаҳоямон, ки ҳамаи мо дар он зода ва калон шудаем, дастгирии барномаҳои фарҳангиву маърифатӣ ва ҷалби сармоягузорӣ ба минтақа кӯмак кунед.
Феълан дар кишвар барои амалигардонии тиҷорати хусусӣ дар соҳаҳои коркарди ашёи хом, ки дар ҳудуди ВМКБ ҷойгир шудаанд, рушди сайёҳӣ, нақлиёт, ҳунармандӣ, хизматрасонии маишӣ, мактабҳои хусусӣ, марказҳои саломатӣ тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудаанд.
Роҳбарияти вилоят омода аст, ки дар ин кори нек, ба шумо кӯмак намояд ва дастгириатон кунад.
Биёед, дар куҷое набошем, ба хотири ояндаи рӯшани фарзандонамон, барои рушди кишвар ва миллати худ меҳнат кунем.
Бо эҳтиром, раиси ВМКБ Ёдгор Файзов
Ин муроҷиати раиси ВМКБ дар шабакаҳои иҷтимои ба таври густурда муҳокима гардида, даҳҳо нафар истифодабарандагони Фейсбук онро ҷонибдорӣ намудаанд. Корбарони Фейсбук дар шарҳи муроҷиатнома навистаанд, ки “ин иқдоми раиси вилоят боиси дастгирӣ аст”, “омодаем, ки ободонии Бадахшон саҳми худро гузорем”.
Ёдовар мешавем, ки Ёдгор Файзов пас аз сафари Президент Эмомалӣ Раҳмон ба Бадахшон, 1 октябри соли 2018 и.в. раиси ВМКБ таъйин гардид. Ӯ дар ин вазифа Шодихони Ҷамшедро иваз намуд. Пас аз панҷ моҳи фаъолият, 1 марти соли равон ӯ якдилона раиси вилоят интихоб шуд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
«Пересмотрите и отпустите». Адвокаты Шокирджона и Рухшоны Хакимовых обжаловали приговор Верховного суда
В Узбекистане на тысячу выросло число предприятий с китайским капиталом
Действительно ли в Казахстане конный спорт дорогостоящий?
Что на самом деле портит облик Душанбе? Спросили об этом у жителей столицы
В Госдуме РФ предложили обязать мигрантов проходить повторный медосмотр
Куда в Таджикистане уходят деньги, собранные на автоутиль?
Общие доходы блогеров в Таджикистане в 2024 году оценили в $2,5 млн
В Душанбе пройдёт международный конгресс по хирургии
Первый вице-президент ИРИ: «Экономики Ирана и Таджикистана могут эффективно дополнять друг друга»
Эксперты ООН: в Афганистане базируется более 20 террористических групп
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста