Оғози ин ҳафта шаҳрдории Душанбе дар бораи бунёди боғи нав – “Истиқлолият ва озодӣ” иттилоъ дод. Боғи мазкур ба шарафи 30 – солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва дар майдони 29 гектар бунёд меёбад. Гуфта мешавад, ки он дар маркази шаҳри Душанбе, паси биноҳои Донишгоҳи омӯзгорӣ, “Кохи Ваҳдат” ва меҳмонхонаи “Авесто” сохта мешавад.

Мо тасмим гирифтем, ки дар бораи ҳамаи боғҳои шаҳри Душанбе ба шумо маълумот диҳем. Дар харитаи интерактивии омоданамудаи мо оид ба 15 боғи пойтахт маълумоти мухтасар ва суратҳо гироварӣ шудааст.

Оставайтесь с нами в TelegramFacebookInstagram, Viber, Яндекс.ДзенOK и Google Новостях.