Раёсати Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як муроҷиати худ ба мардуми кишвар, аз ҷавонони тоҷик даъват намуд, ки аз хизмат дар сафи артиш сарпечӣ накунанд.
Дар ин муроҷиати Раёсати Шӯрои уламо гуфта мешавад, ки ҳифзу ҳимояи Ватан дар дини мубини Ислом ҷойгоҳи хосе дорад ва Худованди таъоло мусулмононро ба ҳифзи марзу буми ватани худ амр кардааст.
- Ҳар як фарди ватандӯстро мебояд ба Ватану миллат ва фарҳанги худ содиқ бошад, зеро дӯст доштани ватан, ҳифзи марзу бум, амнияту осудагӣ ва арҷ гузоштан ба фарҳангу муқаддасоти он қарзи ҳар як мусулмон ба ҳисоб меравад. Дар таълимоти динӣ фармудае ҳаст, ки дӯст доштани Ватанро ба ҳама воҷиб мегардонад: «Ҳуббу-л-ватани мина-л-имон», яъне “Дӯст доштани ватан аз гӯшаи имон аст”,- омадааст дар матни муроҷиатнома.
Инчунин дар муроҷиатнома бо истифода аз сураву ҳадис муҳимияти хизмат дар сафи артиш баён карда шуда, зикр гардидааст, ки «як шаб ҳимояи Ватан беҳтар аз тамоми некиҳост ва манзалати ҳомии Ватан мисли фариштагони нигаҳбон аст».
Бо нашри муроҷиатнома Раёсати Шӯрои уламо аз волидони ҷавонони тоҷик даъват намудааст, ки фарзандони худро ба хизмати ҳарбӣ ва ҳимояи Ватан фиристанд. Зикр мегардад, ки “саркашӣ аз ҳимояи Ватан гуноҳи кабира буда, мусоидаткунандаи он, яъне баъзе падару модарон низ ба ин гуноҳ шариканд!”.
Гузашта аз ин, дар матни муроҷиатнома омадааст: “Саркашӣ аз ин масъулияти имонӣ ва шаҳрвандӣ (хизмати ҳарбӣ дар сафи Артиш.-аз нашрия) як навъ нифоқу беимонӣ низ шумурда мешавад ва касе ба ин вазифаи муҳим беэътиноӣ мекунад, маҳрум аз хайру саодат ва ноком дар дунёву охират хоҳад шуд”.
Ёдовар мешавем, ки ҳоло дар ҷумҳурӣ маъракаи даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ ҷараён дорад. Дар баъзе манотиқи кишвар ҷавононро бо баргузории чорабиниҳои идона ба хизмати ҳарбӣ гусел мекунанд.
Дар ҳамин ҳол, баъзе аз волидон шикоят менамоянд, ки фарзандонашонро тариқи иҷборӣ ё ба қавли байни мардум маъмули “облава” ба хизмат бурдаанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Народная демократическая партия Таджикистана выдвинула 28 кандидатов на парламентские выборы. Кто они?
Безлюдные улицы, испуганные жители: репортаж из кишлака в Канибадаме, где за одну ночь убили 4 человека
В Узбекистане планируют ввести оплачиваемый отпуск для мужчин при рождении ребенка. Как с этим в Таджикистане?
Ахмед аль-Шараа отверг подозрения, что он хочет превратить Сирию в подобие Афганистана
ВБ и Швейцария помогут Таджикистану с расширением цифровой экономики
Huawei открывает новую главу концепции ULTIMATE DESIGN
Кому в Таджикистане достанутся бюджетные субвенции в наступающем году?
Таджикский спортсмен Обид Джебов получил в Японии приз за лучшую технику
«У нас нет сил, чтобы вернуть их». Зеленский — о Крыме и Донбассе
Талибы договорились теперь и с Ташкентом о поставках электроэнергии в 2025 году
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста