Агар Маҳмудҷон Воҳидов зинда мебуд, имрӯз 80-сола мешуд. Хабарнигори ASIA-Plus дар ин рӯз бо дӯстону пайравон ва пажӯҳишгарони ҳаёту фаъолияти ин ҳунарманди ҷаҳоншумул тамос гирифта, андешаву хотироти онҳоро оид ба шахсияти ӯ ва саҳми назаррасаш дар рушди театру синамо гирд овард.
Марям Исоева, ҳунарпешаи театр ва синамо:
- Маҳмудҷон Воҳидов “шахсияти барҷастаи фарҳанг натанҳо дар миқёси Тоҷикистон, балки дар миқёси ҷаҳон буд” гӯем, хато намекунем. Ӯ ҳунарманд, коргардон ва наттоқи варзида буд. Аввалин бор дар таърихи Тоҷикистон театри як ҳунарпешаро аз эҷодиёти Умари Хайём ба саҳна гузошт. Баъдан ашъори Ҳофизи Шерозиро ба ду забон – тоҷикӣ ва русӣ рӯйи саҳна овард. Вақте дар Қирғизистон, Маскав ва бисёр ҷойҳои дигар ҳунарнамоӣ мекард, он ҷо чипта ёфт намешуд. Мардум барои даромадан ба намоишҳои ӯ навбат мепоиданд.
Маҳмудҷон ин қадар ҳунарманди бузург буд, ин қадар намоишҳои беҳтаринро ба саҳна гузошт, вале ҷояш омад, ки ба намоишҳои ӯ дар Тоҷикистон тамошобин башумор буд. Ин нанг аст барои миллати тоҷик. Пӯшида нест, ки зуҳуроти мазкур он замон низ вуҷуд дошт. Ӯро ин дарду алам хеле сахт азоб медод ва зуд-зуд бемор мешуд.
Шахсе буд, ки ғами фарҳанг, миллат, дӯст, оила ва монанди инҳоро мехӯрд. Мисли баъзе ҳунармандони ҳамзамонаш танҳо “ман” намегуфт. Ӯ олам ва ботини зебое дошт.
Мехоҳам воқеаеро нақл кунам: нақши Тӯлодро дар филми “Достони Рустам” бояд ҳунарпешаи Иттифоқи шӯравӣ аз Ӯзбекистон мебозид, вале ӯ бар асари беморӣ ба Тоҷикистон наомад. Коргардони филм Борис Кимёгаров маро ба наздаш даъват карда, гуфт: “Чӣ бояд кард? Ба ман маслиҳат деҳ”. Маҳмудҷон Воҳидовро пешниҳод кардам. Он кас тарафам нигоҳ карда, гуфт: “Ӯ хеле ҷавон аст ва аз уҳдаи ин нақш намебарояд”. Гуфтам: “Аввал ӯро санҷед. Агар нашуд, дигар нафарро меҷӯем”.
Маҳмудҷон дар санҷиш Борис Кимёгаровро ҳайрон кард. Баъдан Кимёгаров ба пешонаи худ зада, гуфт: “Об дар кӯзаву мо ташналабон мегардем”.
Агар ҳазор сол гузарад, ёди Маҳмудҷон Воҳидов дар дилу дидаҳо мемонад, чун то ҳол нафаре пайдо нашудааст, ки баробари ӯ бошад.
Ортиқи Қодир, ҳунарпеша ва ровӣ:
- Маҳмудҷон Воҳидов ҳунарманди тавоное буд, ки баъд аз хатми донишкадаи санъати Маскав ба театри тоҷик фазои нав ва насими тозаеро ворид сохт. Аввалин ҳунарманде буд, ки дар санъати суханварӣ ҳарфи зиндаи таъсирбахшро овард. Қолабҳои шиору мутантан гуфтанҳоро шикаст ва ба саҳна сухани зиндаро овард. Ӯ натанҳо як ҳунарманд, балки як файласуф, донишманде буд ва ба саҳна андешаву афкори амиқро овард. Қолабҳои рӯҳиву ботинии қаҳрамонро бисёр зебо ва бисёр шоирона дар саҳна таҷассум кард.
Маҳмудҷон Воҳидов шоирона зист. Рӯзгори шахсӣ ва эҷодияш мисли шеър зебо буд. Чи дар синамо, чи дар саҳна ҳунарманди бисёр қавӣ буд. Соҳибмаърифате буд, ки бисёр мутолиа мекард. Дар байни ҳунармандон кам андар кам нафароне ҳастанд, ки мутафаккир, донишманд ва соҳибмутолиа бошанд.
Ман довталаб будам. Дар толоре, ки имтиҳон мегирифтанд, Маҳмудҷон ҳузур дошт. Вақте як шеъри Мирзо Турсунзода “Осиё гӯяд сухан, овози онро бишнавед”-ро хондам, ёд дорам, ки ӯ аз ҷой хест ва ба гӯши муаллимони имтиҳонгир чизе гуфт. Ман дар имтиҳони дохилшавӣ баҳои аъло гирифта будам. Баъд вақте мо дар Бухоро вохӯрдем, ӯ маро шинохт ва салом кард. Гуфт: “туро хеле хуб дар ёд дорам. Ният дорам, як театри шоирона дар заминаи Иттифоқи нависандагон таъсис диҳам. Ту ҳатман баъд аз хатми донишкада бояд ба ҳамин театр биёӣ”. Мутаассифона, ҳоло ман тамом накарда, риштаи умри Маҳмудҷон канда шуду ҳамин ормон дар дили ман монд.
Акбари Турсон, академик:
- Ба қавли файласуфи маъруфи олмонӣ Ничше: “Ситоиш густохонатар аз накӯҳиш бувад”. Дар зимни ин афзудан баҷост, ки хосса ситоиши эҷодкори фарзона кори сахту сангин бувад, чаро ки чунин шахсият олами маънавиест беинтиҳо – ҳам аз ҷиҳати рангорангии зоҳир ва ҳам аз рӯйи умқи ботин, ки фақат бо мурури замон унсур ба унсур, қирра ба қирра намудор мешавад. Ва ҳар дафъа водор мекунад, ки ӯро дақиқтару амиқтару самимитар тақвиму тақдир намоӣ! Ба вежа агар бо вай қарин буда бошию кирдору пиндорашро бипазирию ҳамоно арҷ гузорӣ...
Ману Маҳмуд ҳамсолу ҳамзамону ҳаммаром будем. Ва агар умр номардӣ намекард, имрӯз 80-солагиашро дар ҳалқаи дӯстон ҷашн мегирифтем ва ман ба унвони нӯшбод “оқибати ҳама кори эҷодиат маҳмуд бод!” гӯён дӯстамро ситоиш мекардам…
Насиб набудааст, вале мо, ҳамагон ворисони маънавии Одамушшуаро Рӯдакӣ ҳастем. Ва қонуни гирдгардиши Коинот, ки кашфиёти адабии ӯсту эҷодкори ҳамешагӣ будани замонро талқин мекунад, аслу асоси некбиниҳои иҷтимоии мост…
Ҷӯрабек Муродов, сароянда:
- Маҳмудҷон Воҳидов фарзанди фарзонаи миллат аст. Одамҳо 60-70 сол зиндагӣ мекунанд, вале номи нек гузошта наметавонанд.
Ӯ дар як умри кӯтоҳ номи худро боқӣ гузошт ва барои миллати тоҷик хизмате кард, ки баъзе одамон дар 100 сол низ карда наметавонанд.
Хуршеди Атовулло, рӯзноманигор:
- Чингиз Айтматов гуфта буд, ки ровии ҳунармандеро чун Маҳмудҷон Воҳидов надидааст ва касеро дар Осиёи Марказӣ хамтои ӯ намедонад. Ин гуфтаи нависандаи ҷахоншумул баъд аз шеърхонии Маҳмудҷон ба забони русӣ ва тоҷикӣ дар даҳаи фарҳангӣ дар Қирғизистон буд...
Воқеан, аз Маҳмудҷон Воҳидов натанҳо ҷасорати гуфтан ба аҳли ҳунар монд, балки ӯ асосгузори театри монолог буд. Театри як нафар, ки ӯ бо намоишномаи “Гуфтугӯ бо худ” аз ашъори Ҳофизу Хайём мерос гузошт.
Марги Маҳмудҷон Воҳидов то ҳол асрори пӯшидаеро мемонад. Ба мо муяссар гашта буд, ки чанд фарзияи вобаста ба маргашро рад кунем... Ва шояд рӯзе расаду мо гуфта тавонем, ки ба марги ӯ кӣ гунаҳкор буд.
Дар ин матлаб аксҳо, видео ва аудио аз бойгонии ASIA-Plus, торнигори Ҳабиб Саид, Tojikon Media ва торнамои kino-teatr.ru истифода шудаанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
В Душанбе открыли новый ресторан «Додо Пицца»
Всемирный банк готов вложить $150 миллиардов в проекты по экологии
Где в Душанбе найти логопеда?
Афиша от «Азия-Плюс»: балет «Жизель», вечер японских мотивов и гастротур к аметистовым шахтам
В Душанбе наградили лучших женщин-госслужащих
FORMULA55 продлила контракт с двукратной обладательницей Кубка мира по боксу Мижгоной Самадовой
В Исфаре сотрудники военкомата получили 40 тысяч сомони за поддельные военные билеты
В России с 1 декабря стартует эксперимент по сдаче биометрии иностранцами при въезде в страну
Президент COP29 призвал радикально увеличить климатическое финансирование
Как исследовательница культуры из Таджикистана рассказывает миру о женской боли на войне
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста