Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз якбора сард шудани вазъи ҳаво дар кишвар хабар медиҳад. Дар водиҳо борон ва дар минтақаҳои кӯҳӣ барф меборад.

“Тибқи иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон аз 1 то 4-уми ноябр ҳаво сард мешавад, дар водиҳо борон ва дар минтақаҳои наздикӯҳӣ ва кӯҳӣ барф меборад. Шамол бо суръати 13-18 метр дар як сония мевазад”, - хабар медиҳад хадамоти матбуоти кумита.

Ҳарорати миёнаи ҳаво дар водиҳо 8°С мешавад.

Инчунин бар асари боди сахт эҳтимол дорад, хати интиқоли нерӯи барқ хароб шавад. Шикастани дарахтон, хароб шудани сутунҳо ва навиштаҷоти иншооти рекламии сустниҳод низ имконпазир аст.

Дар иртибот ба якбора бад шудани вазъи ҳаво Кумита аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад, қоидаҳои бехатарии сӯхторро ҳангоми истифодаи обгармкунҳои барқӣ ҷиддан риоя карда, нерӯи барқро сарфакорона истифода баранд.

Бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳо, бахусус, дар минтақаҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо КҲФ ба ронандагон тавсия медиҳад:

- воситаҳои нақлиётиро барои истифодаи зимистон омода созанд;

- коршоямии воситаҳои нақлиётиро санҷанд;

- чархҳои воситаҳои нақлиётро ба чархҳои зимистона иваз кунанд, воситаҳои нақлиёти боркашро бо занҷирҳо ба хотири муқовимат дар роҳҳои барфиву яхӣ, лампаҳои лаҳимкорӣ, таҷҳизоти гармкунанда таъмин созанд, системаи гармидиҳии мошинҳоро ҳатман санҷанд;

- ҳамеша дар бордони воситаҳои нақлиёти худ сарулибоси гарм, фонус, бел, таноб, бушкаи эҳтиётии пур аз сӯзишворӣ, гӯгирд, термос бо оби гарм дошта бошанд;

- доруқутии воситаҳои нақлиётиро бо доруҳои нав ва тоза иваз кунанд;

- воситаҳои нақлиётро бо суръате ронанд, ки бехатарии ҳаракати роҳҳо таъмин бошад, қоидаи ҳаракатро ҳангоми гузаштан аз назди мактабҳо, чорроҳа ва пулҳо, ҳамчунин гардишу нишебиҳо риоя кунанд;

- ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ фосилаи байни воситаҳои нақлиётро зиёдтар аз меъёри муқаррарӣ афзоиш диҳанд, чун дар роҳҳои лағжонак ва пурлой нигоҳ доштани мошин мушкилтар аст;

- барои пешгирӣ аз лағзиш аз манёврҳои тез худдорӣ варзанд;

- агар саривақт натавонистед воситаҳои нақлиётро барои зимистон омода созед ва ё таҷрибаи кофии ронандагӣ надоред, беҳтар аст, ки аз сафар худдорӣ кунед;

- тавсияҳои кормандони БДА, ВКД, КҲФ-ро дар бораи маҳдудияти ҳаракати мошинҳо дар қитъаҳои хатарзо ба хотири пешгирӣ аз фалокати лағзиши тарма ва резиши санг ҳатман иҷро намоед;

- ҳаракат бо мошинро дар шабонгоҳ ва ҳолати тирагии ҳаво маҳдуд созед.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз кулли шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар хоҳиш кардааст, ки аз сафарҳои безарурат дар чунин рӯзҳо, чорвочаронӣ, роҳандозии корҳои саҳро, омодасозии ҳезум ва шикор дар минтақаҳои кӯҳӣ худдорӣ кунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.