Қурбон Ҳакимзода аз болоравии шумори қатъи никоҳ дар вилояти Хатлон изҳори нигаронӣ карда, аз занони фаъол даъват ба амал овард, ки дар пешгирии ҷудошавии оилаҳо саҳмгузор бошанд.
Раиси вилояти Хатлон имрӯз, 28-уми ноябр зимни суханронӣ дар Анҷумани занони сарвар дар шаҳри Бохтар изҳор дошт, ки вазъи пошхӯрии оилаҳои ҷавон ташвишовар шудааст.
“Дар як муддати кутоҳ, яъне 10-моҳи соли равон дар вилоят 2 ҳазору 191 ҳолати ҷудошавии оилаҳо ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 231 ҳолат зиёд аст. Аз ин шумор дар 1 ҳазору 704 ҳолат бо ҳалномаи суд, дар 480 ҳолат бо аризаи ҳамсароне, ки аз зиндагии якҷо соҳиби фарзанд нашудаанд ва дар 10 ҳолат бо аризаи яке аз ҳамсарон оилаҳо аз ҳам ҷудо шудаанд”, - гуфт Қурбон Ҳакимзода.
Вай афзуд, ки бо сабаби ҷудошавии оилаҳо 2 ҳазору 142 кӯдак аз муҳаббати умумии волидон маҳрум шудаанд. Аз ин оилаҳои ҷудошуда 2 ҳазору 63 нафар кӯдакон дар тарбияи модарон ва 79 нафарашон дар тарбияи падарон мондаанд.
“Бубинед, дар ин ҷо низ ҳамаи мушкилот болои модарон аст. Ин занон, ки ба хонаи волидайнашон бармегарданд, зиндагии бисёр вазнин доранд”, - изҳор дошт Ҳакимзода.
Ба қавли раиси вилояти Хатлон, чунин раванди ташвишовари ҷудошавии оилаҳо ҳатто дар солҳои душворе, ки Тоҷикистон аз сар гузаронд, набуд. Имрӯз афзоиши ҷинояткорӣ дар байни ҷавонону ноболиғон аз оилаҳои носолим маншаъ мегирад.
“Ман ба фаъолзанони вилояти Хатлон муроҷиат карда, хоҳиш мекунам, ки дар пешгирии ҷудошавии оилаҳо саҳмгузор бошед. Байни ҷавонон корҳои фаҳмондадиҳӣ бубаред, бо зану шавҳарони ҷавон суҳбат кунед, то оилаҳо пош нахӯранд”, - гуфт ӯ.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
В Таджикистане начался прием заявок на учебу за рубежом. Какие документы необходимо собрать?
Парламент Абхазии отказался от ратификации инвестиционного соглашения с Россией
«Озоди»: Недалеко от Душанбе рухнул беспилотник
Талибы заявили о начале строительства афганского участка газопровода ТАПИ
Глава СПЧ России: «Нам не нужны люди, которые создают в городах кишлаки»
Как в Таджикистане дискриминируют женщин с инвалидностью
В Конгрессе США заявили о лабораторном происхождении коронавируса
В Кыргызстане планируют запретить использование мобильных телефонов в школах и вузах. А что в Таджикистане?
США ввели санкции против трех бывших узбекских чиновников за насилие над воспитанницами детдома
Президент Ирана встретится с Путиным для обсуждения ситуации в Сирии
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста