Як зани ҷавон бо гумони фурӯхтани духтари навзодаш боздошт гардид.

Ба иттилои ВКД, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯйӣ аз ҷониби кормандони милитсия ин зани 22-солаи сокини шаҳри Душанбе дастгир шудааст.

Ӯ ҳангоми дар шаҳри Ҳисор қарор доштанаш духтари навзоди худро, ки 5-уми сентябри соли ҷорӣ дар таваллудхонаи шаҳри Ҳисор ба дунё овардааст, ба зани 32-солаи сокини ҷамоати деҳоти Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ ба маблағи 1000 сомонӣ фурӯхтааст.

Аз рӯйи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.