Тӯли як соли охир ширкати ҳавопаймоии миллии “Тоҷик Эйр” водор шудааст, ки тақрибан нисфи кормандонашро ихтисор кунад.
“Соли 2019 шумораи кормандони ширкати ҳавопаймоӣ 525 нафар буд. То 20-уми январи соли равон теъдоди онҳо 279 нафар шуд”,- иттилоъ дод Азизмамад Қурбонов, муовини аввали раиси ширкати “Тоҷик Эйр” имрӯз, 7-уми феврал зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе.
Номбурда аз кор рафтани кормандони ширкатро ба нафақа ва ихтисори онҳо рабт дод.
Қурбонов таъкид кард, ки қарзи ширкат дар назди кормандон айни замон 11,1 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Бо вуҷуди ин, сарвари Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати ҶТ Икром Субҳонзода мегӯяд, ки теъдоди ҳайати парвози 2 ширкати ҳавопаймоии ватанӣ (“Тоҷик Эйр” ва “Сомон Эйр”) дар соли гузашта бетағйир мондааст. Ӯ қайд кард, ки дар ин ду ширкат 115 халабон кор мекунанд ва агар нафаре аз онҳо рафта бошад, аз як ширкати ҳавопаймоӣ ба дигараш гузаштааст.
Субҳонзода афзуд, ки соли гузашта “Тоҷик Эйр” 8 халабони хориҷиро ба кор гирифт.
Қобили зикр аст, ки “Тоҷик Эйр” тӯли ҳашт моҳи соли 2019 бинобар мушкилоти молиявӣ ягон парвоз анҷом надода буд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.