Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин имрӯз, 7-уми апрел бо роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии кишвар дар хориҷа конфронси видеоӣ баргузор кардааст.
Бино ба иттилои ВКХ ҶТ, дар он вазъи кунунӣ дар кишварҳои ҷаҳон бар асари ҳамагирии коронавируси нав, роҳҳои ҳалли мушкилоти шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар дигар кишварҳо дармондаанд, чораҳои пешгирии шуюи бемории мазкур дар Тоҷикистон, паёмадҳои иқтисодиву иҷтимоии ҳамагирии COVID-19 дар кишвар, инчунин вусъат додани ҳамкориҳои иқтисодӣ бо кишварҳои шарик ва созмонҳои байнулмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон барои қабули маблағи кумакҳои башардӯстона суратҳисобҳо кушода шуданд. “Бо мақсади пурзӯр кардани чораҳои зиддиэпидемиологӣ дар робита ба ҳамагирии коронавируси COVID-19 ва мутамарказонидани кумакҳои башардӯстона суратҳисобҳо (бо арзи миллӣ – сомонӣ, доллари амрикоӣ ва рубли русӣ) дар Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молия ва Бонки миллии кишвар кушода шудаанд”, - хабар дода буд Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.
“Ҳамаи маблағҳои ба ин суратҳисобҳо воридшуда барои андешидани чораҳои беҳдоштию зидди эпидемиологӣ ва ҳифзи саломатии аҳолӣ равона хоҳанд шуд. Кумакҳои созмонҳои байнулмилалӣ, бунёдҳои хайриявӣ, кишварҳои дӯст, шахсони инфиродӣ ва соҳибкорон истиқбол мегарданд”, - изҳор дошт ВКХ.
Вазорати корҳои хориҷии ҶТ ҳамчунин иттилоъ дода буд, ки баҳри вокуниши саривақтӣ ба муроҷиатҳои шаҳрвандон дар робита ба ҷорӣ гардидани маҳдудиятҳо дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон бар асари ҳамагирии коронавируси нав (COVID-19), дар намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Тоҷикистон дар хориҷа телефонҳои шабонарӯзӣ фаъол мебошанд.
“Бо назардошти вазъи бавуҷудомада, аз ҳамватанон хоҳиш мекунем, ки бо дарки масъулият тадбирҳои ҷиҳати пешгирӣ аз шуюи коронавирус андешидашударо қабул намуда, оромиро нигоҳ доранд ва ба қадри имкон ҷойи зисти доимӣ ё муваққатии худро тарк накунанд, инчунин чораҳои маҳдудкунанда ҷиҳати пешгирии бемории ҳамагирро риоя кунанд”, - навишта буд ВКХ зимни муроҷиат ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар хориҷи кишвар қарор доранд.
Дар зер мушаххасоти тамос бо намояндагиҳои Тоҷикистон дар хориҷа дастрас мебошанд:
Сафорати Тоҷикистон дар Русия
Тел: +7 (495) 6904186; +79264110961; +79955018733; +79857401212
E-mail: [email protected]
Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург
Тел: +7 (343) 370-23-60
E-mail: [email protected]
Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Новосибирск
Тел: +79231002223; +79134873822
E-mail: [email protected]
Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург
Тел: +79616111617
E-mail: [email protected]
Консулгарии Тоҷикистон дар Уфа
Тел: +73742765296; +79272317171; +79371510011; +79279456566
E-mail: [email protected]
Сафорати Тоҷикистон дар Ӯзбекистон
Тел: 810 (998712) 54 99 66, 54 84 13
E-mail: [email protected]
Сафорати Тоҷикистон дар Туркманистон
Тел: +(99 312) 481818; 481829; 481845
E-mail: [email protected]
Сафорати Тоҷикистон дар Украина
Тел: +380950162777
E-mail: [email protected]
Сафорати Тоҷикистон дар Австрия
Тел: +43 (0) 14098266; +43 (0) 6601779881; +43 (0) 6601410270
E-mail: [email protected]
Сафорати Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ
Тел: +971 24417950; +971 544360808 (+WhatsApp) ; +971 508085074 (+WhatsApp); +971 569037333, +971 561300808 (+WhatsApp)
E-mail: [email protected]
Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Дубай
Тел: +97143945814; +971547401717
E-mail: [email protected]
Сафорати Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ
Тел: +966112054709; +966500081876; +966554041883;
E-mail: [email protected]
Сафорати Тоҷикистон дар Белгия
Тел: +32 (0) 26406933
E-mail: [email protected]
Сафорати Тоҷикистон дар Британияи Кабир
Тел: +44 (0) 7828881988; +44 (0) 7427527061; +44 (0) 7902406114
E-mail: [email protected]
Сафорати Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Америка
Тел: +1 202 223 6090; +1 202 223 2666; +1 209 362 6161; +1 202 716 0440
E-mail: [email protected]
Сафорати Тоҷикистон дар Кувайт
Тел: +965 9962 4345; +965 9854 0777
E-mail: [email protected], [email protected]
Сафорати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея
Тел: +821059399339
E-mail: [email protected]
Сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон
Тел: +7 7172 24 09 29
E-mail: [email protected]
Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Алмаато
Тел: +77775883115; +7-7172-24-09-29
E-mail: [email protected]
Сафорати Тоҷикистон дар Қатар
Тел: +97444123906; +97433505857; +97433107676; +97455596369
E-mail: [email protected]
Сафорати Тоҷикистон дар Қирғизистон
Тел: +996 701 00 13 63, (+996 312) 51-25-87, 51-16-37
E-mail: [email protected]
Сафорати Тоҷикистон дар Малайзия
Тел: +60176574044; +60164483055
E-mail: [email protected]
Сафорати Тоҷикистон дар Миср
Тел: (202) 25199665; (202) 25214120; +201 118318119
E-mail: [email protected]
Сафорати Тоҷикистон дар Озарбойҷон
Тел: (+994 12) 5021432; +994 502351183; +994 502074149; +994 504061511
E-mail: [email protected]
Сафорати Тоҷикистон дар Олмон
Тел: +49 15213073751
E-mail: [email protected]
Сафорати Тоҷикистон дар Покистон
Тел: +923359338886; +923325050899; +923045426507
E-mail: [email protected]
Сафорати Тоҷикистон дар Туркия
Тел: +905376721857, (+90) 312 491 16 07
E-mail: [email protected]
Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Истанбул
Тел: +902124265054; +905527205054
E-mail: [email protected]
Сафорати Тоҷикистон дар Фаронса
Тел: +33 766406208
E-mail: [email protected]
Сафорати Тоҷикистон дар Ҳиндустон
Тел: +91 (11) 46061583; +91 (88) 60355858
E-mail: [email protected]
Сафорати Тоҷикистон дар Чин
Тел: +8613120144410; +8618514270747
E-mail: [email protected]
Сафорати Тоҷикистон дар Швейтсария
Тел: +41227341140; +41799562992
E-mail: [email protected]
Сафорати Тоҷикистон дар Эрон
Тел: +98 (021) 22299584; +98 (021) 22834650; +98 (0) 933 578 7671
E-mail: [email protected]
Сафорати Тоҷикистон дар Япония
Тел: +81-90-6549-3553, +81-3-6721-7455
E-mail: [email protected]
Намояндагии доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид, Ню-Йорк
Тел: +1(212)207 3315; +1(929)605 9868
E-mail: [email protected]
Консулгарии Тоҷикистон дар Файзобод
Тел: +93786351966; +93729441738
E-mail: [email protected]
В Таджикистане возобновился процесс над известными политическими деятелями
Высокие и неудобные. Столицы стран Центральной Азии растут вверх, но становятся некомфортными для людей
Эмомали Рахмон вновь избран председателем Народной демократической партии Таджикистана
В Шахристане четверо детей отравились угарным газом. Двое из них погибли
«Лучший супруг» и «Лучшая ремесленная семья» Таджикистана: кто они и как победили?
Зараженные птицы и комары. Чем известен убитый в Москве генерал Кириллов
Безотцовщина при живом отце. Как трудовая миграция влияет на детей мигрантов?
Центральная Азия: за 10 лет 218 тысяч человек получили гражданство благодаря инициативам ООН
ЧП в узбекском зоопарке: три сбежавших из клетки льва растерзали мужчину, съев по частям
Новый постпред АБР подтвердил готовность поддержать энергетические проекты в Таджикистане
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста