Ҳукумати ИМА тавассути Оҷонсии ИМА оид ба рушди байнулмилалӣ (USAID) 868,923 долларро барои таҳкими қобилияти Тоҷикистон дар вокуниш ба пандемияи COVID-19 ҷудо мекунад.

Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм дар паёми видеоӣ ба мардуми Тоҷикистон изҳор дошт, ки кумаки USAID ба кӯшишҳои Тоҷикистон оид ба омодагӣ ва вокуниш ба COVID-19 мусоидат хоҳад кард.

Ҳукумати Иёлоти Муттаҳида ин маблағҳоро ба шарикони USAID – Abt Associates, Федератсияи байнулмилалии салиби сурх ва Созмони ҷаҳонии тандурустӣ пешниход мекунад. Ин созмонҳо айни замон дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд ва фаъолият менамоянд, ки ин ба таъсири мустақими маблағҳои ҷудошуда мусоидат мекунад.

Ин вокуниши ибтидоӣ ба таҳдиди пандемия дар ҳамкории зич бо марказҳои Иёлоти Муттаҳида оид ба назорат ва пешгирии бемориҳо ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон таҳия карда мешавад. Корҳои мазкур ба таҳкими иқтидори системаи тандурустии Тоҷикистон, хариди молҳои аввалиндараҷа барои назорат ва пешгирии сироят; баланд бардоштани қобилияти лабораторӣ (аз ҷумла, интиқоли таҳлилҳо ва таҷҳизот) ва такмил додани назорат, вокуниши фаврӣ, идоракунӣ, иттилоотонӣ оид ба хавфи пандемия ва иштироки ҷомеа мусоидат хоҳанд кард.

Ин кумак бахше аз кӯшишҳои ҳукумати ИМА дар саросари ҷаҳон барои мустаҳкам кардани қобилияти кишварҳои шарик дар пешгирӣ ва назорати сироятҳо, ба монанди сил, ВНМО ва пандемияи COVID-19 мебошад.

Сафир Поммершайм талошҳои Тоҷикистонро ҷиҳати пешгирӣ аз вуруди COVID-19 ба кишвар муҳим арзёбӣ кард ва гуфт: “Ҳукумати ИМА минбаъд низ талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои пешгирӣ аз паҳншавӣ ва таъсири ин хатари ҷаҳонӣ дастгирӣ хоҳад кард”.

Дар тӯли даҳсолаҳо Иёлоти Муттаҳида бузургтарин манбаи ҳифзи саломатии аҳолӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад. Ин кумак 125 миллион доллари амрикоиро барои сармоягузории соҳаи тандурустӣ ва беш аз 1 миллиард доллар кумаки умумӣ дар 20 соли охирро дар бар мегирад. Ин саховатмандӣ тариқи саҳми мо дар фаъолияти якчанд шарикони муҳими бисёрҷониба таъкид мешавад, ба монанди:

Иштироки Иёлоти Муттаҳида дар маблағгузории Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар соли 2019, ки беш аз 400 миллион долларро ташкил дод ва ин қариб ду баробар зиёдтар аз саҳми дуюмин калонтарин давлати иштирокчӣ мебошад.

Саҳми ИМА дар маблағгузории Агентии СММ оид ба гурезагон (UNHCR) беназир аст – қариб 1,7 миллиард доллар дар соли 2019 ва ин дастгирӣ дар ин рӯзҳо аҳаммияти ҳалкунанда дорад, зеро гурезагон аз пандемияи COVID-19 фавкулодда осебпазир мебошанд.

Саҳми Иёлоти Муттаҳида дар маблағгузории Хазинаи кӯдакони СММ дар соли 2019 беш аз 700 миллион долларро ташкил дод. Фаъолиятҳои наҷотбахши ҳаёти ЮНИСЕФ дар тӯли солҳои зиёд, ба монанди маъракаҳои эмгузаронӣ, омӯзишу кумакҳои тиббӣ ва беҳдоштӣ, ҳангоми мубориза бо ин сироят низ метавонад ҳаёти бисёр одамонро наҷот диҳад.

Азбаски хавфи хуруҷи сироят дар як ҷо метавонад ба тамоми ҷащон тащдид кунад, Иёлоти Муттаҳида аз дигар донорҳо низ даъват менамояд, ки кӯшишҳои ҷаҳонии мубориза бо COVID-19-ро дастгирӣ кунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.