Дар 4 нафар донишҷӯён, ки аз шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд ба Қирғизистон баргаштаанд, коронавирус ошкор шудааст. Дар ин бора kloop.kg бо истинод ба Вазорати тандурустии Қирғизистон хабар медиҳад.
Вазорати тандурустии Қирғизистон имрӯз, 6-уми май хабар дод, ки давоми шабонарӯзи гузашта дар ин кишвар 28 ҳолати сирояти коронавирус сабт шудааст.
“Дар ҳолатҳои нави сирояти COVID-19 аз хориҷи кишвар овардашуда низ ҳаст, ки инҳо 5 кас мебошанд. Як нафари сироятёфта аз Дубай ва 4 кас аз Тоҷикистон мебошанд, ки дар донишгоҳҳои Душанбе ва Хуҷанд таҳсил мекунанд”, - гуфтааст ба рӯзноманигорон муовини вазири тандурустӣ Нурболот Усенбоев.
Дар бораи кай ба Қирғизистон баргаштани онҳо (сарҳад бо Тоҷикистон аллакай беш аз як моҳ инҷониб баста аст) маълумот дода намешавад.
Сабаби шумори зиёди сироятёфтагонро дар пойтахт Вазорати тандурустӣ ба рӯзноманигорон чунин шарҳ додааст: “Дар Бишкек бисёр одамон баъди ба кишвар омадан зери назорат (карантин) қарор доранд”.
Дар шарҳи ин масъала рӯзноманигорони Қирғизистон ба “Азия-Плюс” изҳор доштанд, ки шояд онҳо барвақт ба кишвар омада, зери назорат буданд.
То имрӯз дар Қирғизистон 871 ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуда, 12 нафар аз ин беморӣ вафот карданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.