Шабонарӯзи наздик бо сабаби боқӣ мондани вазъи баландшавии ҳарорати ҳаво дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ва кӯҳии ҷумҳурӣ эҳтимолияти ба вуҷуд омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта дар назар аст.
Тавре Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, рӯзҳои наздик ҳарорат дар вилояти Суғ то 35-40 ва Хатлон - то 37-42 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳарорат то 39 дараҷа, дар ғарби ВМКБ рӯзона 24-29 ва дар шарқи вилоят 12-17 дараҷа гармӣ пешгӯйӣ мешавад.
Дар ин рӯзҳо обуҳаво инчунин абрноку тағйирёбанда шуда, дар баъзе минтақаҳо баъзан борони кӯтоҳмуддат меборад.
Дар шаҳри Душанбе ҳарорат рӯзона то ба 37-39 дараҷа гармӣ мерасад.
Дар ҳамин ҳол, обуҳавошиносон огоҳ мекунанд, ки рӯзҳои 4-7 июн дар Тоҷикистон шароити обу ҳаво метавонад ба пайдоиши нурҳои ултрабунафш (радиатсияи офтобӣ) дар қабати болоии атмосфера мусоидат намояд ва аз соати 12:00 то 15:00 таркиби нурҳои ултрабунафш ба нишондиҳандаҳои баландтар хоҳад расид.
Гуфта мешавад, баландшавии нишондиҳандаҳои нурҳои ултрабунафш ба касалиҳои пӯст, чашм, фишорбаландӣ, диабети қанд ва нафастангӣ (астма) таъсири манфӣ дорад.
“Ҳангоми нисфирӯзӣ аз гаштугузори беҳуда дар фазои кушод худдорӣ намуда, саломатии худ ва наздиконатонро эмин нигоҳ доред”, - тавсия медиҳанд обуҳавошиносон ба шаҳрвандон.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.