Сокинони ноҳияи Музрободи вилояти Сурхондарё, воқеъ дар ҷанубу шарқӣ Ӯзбекистон бо иштироки 250 нафар туй баргузор намуданд.
Тавре CentralAsia хабар медиҳад, пас аз анҷоми тӯй ҳамаи меҳмонони маросимро ба карантин фиристодаанд.
Ин тӯй, ки баъди он беш аз 250 нафар зери муоинаи табибон қарор мегиранд, аввалин нест. Дар вилоят тӯй ва дигар ҷашнҳое низ ба мушоҳида расидаанд, ки бе риояи меъёрҳои санитарӣ гузаронида мешаванд. Ҳуумати вилоят иттилоъ додааст, ки иштирокчиёни он айни замон ба карантин гирифта шудаанд.
Ғайр аз ин, барои риоя накардани қоидаҳои карантин дар яке аз ташкилотҳои минтақавӣ зиёда аз 300 кас зери муоина гирифта шудаанд.
Гуфта мешавад, дар ин ташкилот ҳарорати баданро намесанҷидаанд, инчунин аз маҳлулҳои антисептикӣ ва ниқобҳо истифода намекардаанд. Дар натиҷа корманди аз Тошканд баргашта 9 нафарро сироят карда, боз дар чанд каси дигар дар сироятёбӣ аз коронавирус гумонбар дониста мешаванд.
Ҳамчунин ҳукумати вилояти Сурхондарё аз 16 июн вуруд ва хориҷ шудан аз шаҳри Тирмизро, ки маркази маъмурии ин вилоят мебошад, муваққатан манъ кардааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.