Департаменти давлатии ИМА эълон кард, ки сабти онлайнӣ барои иштирок дар лотереяи Green Card кушода мешавад, хабар медиҳад сафҳаи расмии сафорати ИМА дар Тоҷикистон дар Facebook.

Қайд карда мешавад, ки сабти онлайнӣ барои иштирок дар барномаи Diversity Visa 2022 аз 7 октябри соли 2020 оғоз ёфта, то 10 ноябри соли 2020 идома хоҳад ёфт.

“Барои шомил шудан ба Барномаи Грин Корт барои соли 2022 сабти ном бояд тавассути www.dvlottery.state.gov амалӣ шавад. Касоне, ки хоҳиши сабти ном доранд, эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки сабти номро то ҳафтаи охирон мавқуф нагузоранд, зеро теъдоди зиёди хоҳишмандон боиси аз кор мондани сомона шуда метавонад. Сабти баъди муҳлат, ё тавассути пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои чопӣ қабул карда намешавад”, - гуфта мешавад дар сафҳаи сафорат.

Тибқи қоидаҳои нав аз соли гузашта, ҳангоми пур кардани саволнома дар лотереяи «Green Card», шумо бояд силсилаи шиносномаи хориҷиатонро нишон диҳед. Қоидаҳои нави пур кардани саволномаро дар инҷо пайдо кардан мумкин аст.

Сафорат ҳушдор медиҳад, ки дар сурати пешниҳод накардани ҳама маълумоти зарурӣ ҳангоми сабти ном, аз ҷумла рақами дурусти шиноснома ва аксҳои мувофиқи меъёри ҳама аъзои оила, номзад аз интихобот маҳрум карда мешавад.

Таъкид шудааст, ки барои ширкат дар лотерея пул ситонида намешавад ва ҳар як иштирокчӣ метавонад мустақилона дар вебсайти https://www.dvlottery.state.gov саволномаро пур кунад.

Сафорат хоҳиш мекунад маълумоти бештарро бо ин нишона пайдо кунед: https://bit.ly/34AMBWF

Департаменти давлатӣ ҳар сол барои шаҳрвандони кишварҳои таърихчаи ками муҳоҷират ба Иёлоти Муттаҳидаро доранд, аз ҷумла Тоҷикистон, 50 000 раводиди доимии истиқомат (корти сабз)-ро ба тариқи лотерея пешниҳод мекунад. Ҳар сол тақрибан 14 миллион нафар аз тамоми ҷаҳон дар ин барнома иштирок мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.