Қарор аст аз оғози ҳафтаи нав автобусҳои ҷамъиятии шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд низ низоми пардохти электронии роҳкиро ё низомӣ кортӣ гузаранд. Дар сурати роҳандозии ин низом Хуҷанд баъди Душанбе дувумин шаҳре дар Тоҷикистон хоҳад буд, ки ба низоми кортии пардохти роҳкиро хоҳад гузашт.
Низоми нави пардохтро дар нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд низ ширкати “Авесто гурӯҳ” роҳандозӣ мекунад, ки низоми кортии нақлиёти ҷамъиятии Душанбе ҳам марбути он мебошад.
Абдуҷалил Бобоҷонов, роҳбари гуруҳи татбиқи лоиҳаи “Рушди нақлиёти ҷамъиятӣ” дар шаҳри Хуҷанд ба “Азиа-Плюс” гуфт, ки онҳо барои гузаштан ба низоми нави пардохти роҳкиро омодаанд ва эҳтимол аст баъд аз 12 октябр ин низом фаъол шавад. Ба гуфтаи Абдуҷалил Бобоев, масъули “Авесто гурӯҳ” дар Хуҷанд ин ширкат тасмими дорад барои 120 ҳазор мусофири нақлиёти ҷамъиятии ин шаҳр кортҳои пардохти роҳкиро пешниҳод кунад.
Ба гуфтаи масъулони ин тарҳ дар назар аст, ки баъди роҳандозии ин низом нархномаҳо аз се номгӯй ба дуто коҳиш дода шаванд:
“Ҳоло автобусҳои ҷамъиятӣ бо се намуди нархнома кор карда истодаанд. Дохилишаҳрӣ 1 сомонӣ, берун аз шаҳр то назди бозори “Сомон” 1,50 сомонӣ ва аз бозори “Сомон” то шаҳрҳои Бӯстон, Гулистон ва маркази ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 2 сомонӣ аст. Дар системаи корти электиронӣ ду нархнома ҷойгир шудааст, дохилишаҳрӣ то бозори “Сомон” ба андозаи 1 сомонӣ ва аз ҳудуди ин бозор то шаҳрҳои болозикр 2 сомонӣ мешавад”.
Масъулини ин ширкат бар ин боваранд, ки бо пиёда кардани низоми нав онҳо шаффофият дар кори нақлиёти ҷамъиятиро ҷорӣ мекунанд.
Ду сол қабл ба шаҳри Хуҷанд беш аз 100 адад автобус ворид шуд ва ҳоло қисме аз он дар хатсайри дохилишаҳрӣ ва масири шаҳрҳои канорӣ ҳаракат мекунад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Саакашвили приговорили к девяти годам тюрьмы
Новая налоговая ставка на транспорт еще не принята. Опровержение от «Азия-Плюс»
Цены на утилизацию увеличиваются только для автомобилей, которые импортируются в Таджикистан
В Таджикистане озвучили стоимость хаджа в этом году
В Польше задержали женщину за торговлю человеческими органами. В числе жертв – таджикистанцы
Wildberries определил популярные подарки на 8 марта
Таджикистан и Китай намерены возобновить прямое авиасообщение между Душанбе и Пекином
В России предложили проверить ММА-клубы на связь с радикалами
В Душанбе начнут строить надземные переходы
Акционеры Рогунской ГЭС рассмотрели вопросы прибыли и распределения доходов
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста