Носирхон Сафарзода, додрас ё судяи Додгоҳи иқтисодии вилояти Хатлон аз сӯйи Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон бо гумони гирифтани ришва боздошт шуда, дар ҳабси пешакӣ қарор дорад. Ин иттилоъро ба "Азия-Плюс" як манбаъи муътамад дар сохторҳои қудратии кишвар шарик сохт.
Ба гуфти манбаи мо ин ҳодиса рӯзи 9-уми март иттифоқ афтодааст ва додрас Сафарзода гӯё ба гирифтани 5 ҳазор сомонӣ ришва муттаҳам мешавад.
Аммо дар Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон рӯзи 16-уми март ба "Азия-Плюс" гуфтанд, ки дар ҳақиқат мо дар Додгоҳи иқтисодии вилояти Хатлон додрасе бо номи Носирхон Сафарзода дорем, ки ҳоло ҳам кор карда истодааст.
Бобоҷон Ғоибов масъули маркази матбуотии Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон гуфт, ки "ҳолате ки ӯ бо пора аз ҷониби кормандони Агентии коррупсия дастгир карда шуда бошад, инро мо шарҳ дода наметавонем, чунки феълан муддати ду рӯз аст мо муайян карда натавонистем ва ҳоло посухи аниқ гуфта наметавонем. Феълан мо агар ягон шарҳ диҳем нофаҳмӣ мешавад, барои ҳамин агар маълумот пайдо кунем, расман аз ин ҳодис хабар диҳем".
Субҳи рӯзи 18-уми март дар Додгоҳи иқтисодии вилояти Хатлон дар як тамоси телефонӣ ба "Азия-Плюс" аз боздошти додраси ин ниҳод бо номи Носирхон Сафарзода изҳори бехабарӣ карданд.
Рӯзи 16-уми март Маркази матбуоти Оҷонсии зиди фасоди Тоҷикистон низ ба муроҷиати мо посух дод, ки дар ҳоли ҳозир дар ин маврид чизе гуфтан наметавонанд, хабарро на тасдиқ мекунануд на рад.
Аммо субҳи 18-уми март аз Раёсати оҷонсии зидди фасод дар вилояти Хатлон хабари боздошти Носирхон Сафарзодаро тасидиқ карданд ва гуфтанд, ки алайҳи ӯ бо моддаи 319-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Аммо ин ниҳод ҷузъиёти бештаре дар мавриди қазияи боздошти ин додарс надод.
Моддаи 319-и КҶ ҶТ: "Гирифтани пора 1) Аз ҷониби шахси мансабдор шахсан ё ба воситаи миёнарав гирифтани пора дар намуди пул, коғазҳои қиматнок, дигар молу мулк ё фоидаи дорои характери молу мулкӣ дошта, барои иҷро кардан ё накардани амали муайян ба манфиати порадиҳанда ё намояндагони ӯ, агар чунин ҳаракат (беҳаракатӣ) ба доираи ваколати хизматии шахси мансабдор, шахси мансабдори давлати хориҷӣ ё шахси мансабдори ташкилоти байналмилалӣ дохил бошанд ё онҳо вобаста ба қудрати мавқеи мансабиашон ба чунин ҳаракат (беҳаракатӣ) мусоидат карда метавонанд, ҳамчунин барои пуштибонии умумӣ ё саҳлангорӣ дар хизмат (ҚҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 18.06.2008 № 386, аз 12.11.2013 № 1028), - бо ҷарима ба андозаи аз се ҳазору шашсаду панҷоҳ то нуҳ ҳазору яксаду бисту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад (ҚҶТ аз 15.03.2016 № 1274)".
Дар ҳоли ҳозир назари худи Носирхон Сафарзода ва наздикону пайвандонаш дастрас нест. Талошҳои мо барои пайдо кардани назари хешу таборонаш натиҷа надод.
Гуфта мешавад Носирхон Сафарзода бештар аз 10 сол дар Додгоҳи шаҳри Панҷакент кор карда, аз соли 2017 то замони боздошт додраси Додгоҳи иқтисодии вилояти Хатлон будааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Долги «Агроинвестбанка» и дележ земли. Какие споры рассматривал Высший экономический суд Таджикистана в 2024 году?
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 7 февраля 2025 года
Нарколог: «Не паникуйте, если узнали, что ваш ребёнок употребляет наркотики»
Афиша от «Азия-Плюс»: Астрономический тур, «Игра в кальмара» и дискотека 80-90-х
Таджикистан в 2024 году заметно увеличил выпуск первичного алюминия
В Пуэрто-Рико задержали нелегальных мигрантов. Среди них есть и граждане Таджикистана
ЕС и ВОЗ высоко оценивают прогресс Таджикистана в секторе здравоохранения
Таджикистан сократил выпуск цемента из-за роста его производства в Узбекистане
Как в Таджикистане зарабатывать, помогая?
Талибы закрыли единственную в Афганистане женскую радиостанцию
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста